logo

мулоқотҳо

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ

16 апрел дар доираи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва бо раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд.
Дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ бо Россия манфиатдор ҳастем.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия дар самтҳои гуногунро баррасӣ карда, масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштаракро муҳокима намуданд.
Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, гуманитарӣ, илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро баррасӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2019    №: 73    Мутолиа карданд: 5060
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед