иқтисод
КӮЛОБ. РУШДИ САНОАТ 26,9 ДАРСАДРО ТАШКИЛ ДОД
Корхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 55,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 миллион сомонӣ зиёд аст.
Тавре аз шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар се моҳ рушди соҳаи саноат ба 26,9 дарсад баробар шуд. Дар ин давра 20 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла «Комбинати хонасозӣ», «Сомон Кӯлоб Таҷҳизот», «Суғдиён», «Комбинати орд», «Авранг», истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуданд. «Ресандаи Кӯлоб» бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор шурӯъ намуд. Ҳоло дар корхона 80 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин аст. Корхона дар се моҳ ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Айни замон дар шаҳр 42 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба наздикӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 309,2 гектар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис дода шуд. Дар минтақа силсилаи корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият мепардозанд. Бо ба фаъолият оғоз намудани онҳо 3750 ҷойи кори доимӣ ва 3000 ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода мешавад.
Ислом РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.04.2019 №: 76 Мутолиа карданд: 1065