logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Фарҳод Тоиров - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокати шаҳри Бохтар ва Сиҷоуддин Ҳаётов, адвокати кабинети адвокатӣ дар ноҳияи Рашт, ҷавоб доданд.
Зимнан, агар хонандагони гиромӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Ман 8 сол боз хоҷагии деҳқониеро сарварӣ мекунам. Дар сертификати ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқонии мо 40 нафар аъзо сабт шудааст. Ҳоло 13 шаҳрванде, ки ному насабашон дар сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мавҷуд нест, талаб доранд, ки аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии мо ба онҳо замин ҷудо карда шавад. Оё талаби ин нафарон қонунӣ аст?
А. ҲАКИМ, ноҳияи Шаҳритуз

- Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) хоҷагии деҳқониро метавонанд, як шахс, як оила ё гурӯҳи шахсон ташкил диҳанд. Хоҷагии деҳқонии шумо шарикӣ буда, фаъолияти онро бояд шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя муайян намояд. Дар асоси чунин шартномаи фаъолияти якҷоя ба хоҷагӣ қитъаи замин ҷудо карда шуда,  ҳар узви хоҷагӣ бо ҳуқуқи истифодаи замин дар сертификати ҳуқуқи истифодаи хоҷагии деҳқонӣ бо саҳми замини худ номнавис мешавад, ки ин ягона ҳуҷҷати тасдиқкунандаи узвияти ӯ дар хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Зеро мутобиқи меъёри Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин аст. Ба узвият қабул намудани шаҳрвандони дигар салоҳияти маҷлиси аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки дахолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ манъ аст.

***
- Масъулони кумитаи замин дар асоси қарори раиси ноҳия ба ман қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карданд. Ҳангоме ки хостам дар замини ҷудошуда ба сохтмони манзили истиқоматӣ машғул шавам, маълум гардид, ки ҳамин қитъаи замин бо қарори раиси ноҳия ба шаҳрванди дигар низ вобаста шудааст.  Акнун ин масъаларо чӣ гуна ҳал намоем? Ба ман маслиҳати ҳуқуқӣ диҳед!
 Наврӯз МАҲМАДАЛИЕВ, ноҳияи Рашт

- Тибқи талаботи боби 19 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаҳрванд ҳуқуқи ҳифзи моликияти шахсиашро дорад. Шумо метавонед, ки ба суди маҳали ҷойгиршавии қитъаи замини наздиҳавлигӣ оид ба бартараф кардани монеагӣ ва беэътибор донистани санади мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намоед. Дар сурате, ки қарор оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигии шумо аз қарори ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигии мавриди назаратон пештар бошад, ҳатман мавриди баррасии судӣ қарор гирифта, муроҷиататон қонеъ мегардад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед