logo

ҳуқуқ

БОСМАЧИЁНУ НАҲЗАТИЁН - ҲАМТАБОРОНИ МАЪНАВӢ

Ҳадафи ба мавзӯи босмачигарӣ рӯ овардани донишмандони андешавар барои бозшиносии таърихи воқеиву на чандон дури сарзамини тоҷикон ва дар ин замина, шинохти некхоҳону бадхоҳони саргузашти раҳоии тоҷикон аз вопасмониҳои асримиёнагӣ мебошад. Баргашт ба мавзӯи босмачигарӣ замонавӣ ва дархӯри аҳамият мебошад ва рӯзноманигори шинохта Абдулқодири  Раҳим кори хуберо анҷом додааст, ки бо профессор Иброҳим Усмонов рӯйи саҳифаҳои рӯзномаи серхонандаи «Ҷумҳурият» қалам бар бозкушодани ногуфтаҳои таърих бурдаанд. Имрӯз гурӯҳакҳои ба хориҷи кишвар гурехтаи ТТЭ ҲНИ, аз норавшании рӯйдодҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 1920 - 1935 кор гирифта, босмачиёнро муборизони нокоми озодии миллати тоҷик менамоёнанд ва ба ин васила, мехоҳанд сияҳкориҳояшонро дар назди «спонсорҳои» хориҷии худ давоми озодихоҳӣ бознамоён созанд.
Ин воқеият ошкор аст, ки босмачигарии 90 сол пеш дар партовгоҳи таърих барафканда, дигар акнун пӯсидааст ва огаҳон медонанд, ки сабаби заволи босмачиён маҳрум буданашон аз дастгирии мардум мебошад. Мардуми Осиёи Марказӣ, бавижа тоҷикон, аз ҳукуматрониҳои сулолаи манғития, ки ба табиати онҳо бегона буданд, сахт ранҷ мебурданд ва ҳамин буд, ки дар сарзамини кӯҳнишинон, аз ҷумла Ховалингу Балҷувон, Муъминободу Кӯлоб, Дашти Ҷуму Мастчоҳ, деҳқонон пайваста бар зидди гумоштагони манғития бо силоҳ бармехостанд. Онҳо аз ёд набурда буданд, ки ба шӯришиёни Восеъ қавмҳои дар қамишзорон маскан гирифта аҳдшиканӣ карда, бо ишораи ҳокими маҳаллии манғиттабор силоҳҳои худро ба самти восеътанон баргардонданд. Онҳо ҳамеша дар ёд доштанд, ки дар сари роҳи тиҷораташон, ба  Кӯлобу Янгибозор (Ваҳдати имрӯза), ки аслан ба бозор баровардани меваҳои тару хушки боғҳояшон, зираву зелоли теппаҳо ва ҳосили киштаҳояшон буд, чаповулгарон аз миёни қамишзорҳо ҳамвора ҳамла мебурданд, вале ҳокимони манғитӣ худро ба  нодонӣ зада, ҳиссае аз он «ӯлҷа» - ҳояшонро бо духтари 12 - сола ва писарбачаи  9 - сола ба амири Бухоро подош мебурданд. Амири Бухоро ва гумоштагони ӯ дар музофотҳо тороҷгарони дар қамишзорон паноҳбурдаро барои тарс коштан дар байни деҳқонон ва пешгирӣ аз қиёмҳояшон ҳамвора ба кор мебурд.
Безории тоҷиконро аз ҳукумати манғития ин нукта низ гувоҳ аст, ки соли 1898 шӯриши Андиҷон сар мезанад ва қиёми мардумӣ дар як муддати кӯтоҳ саркӯб гардида, 22 нафар саркардагонаш ба дор овехта шуда, 546 нафар ба зиндон афканда мешавад ва бахши зиёди онҳоро ба Сибир бадарға мекунанд. Аз миёни 208 нафар зиндониён, 136 нафарашон қирғиз, 56 нафар ӯзбек, 13 нафар кошғарӣ ва ҳамагӣ 3 нафар тоҷикон буданд. Моҳи августи ҳамон сол генерал – губернатори Туркистон Духовский С. М. дар назди сардорони волостҳо (саркардагони ноҳияҳо ва деҳот) - и вилояти Андиҷон чунин суханронӣ карда буд: «Доғи сиёҳ дар чеҳраи шумо пайдо гардид ва пок кардани он душвор аст. Магар шумо намефаҳмидед, ки порчаи рег тавони набард бо кӯҳи бузургро надорад».
Дар ҳақиқат, сулолаи манғития бад – он сон ба айшу нӯш ва сарватандӯзиву ҳарампарастӣ банд буд, ки лашкари се - чорҳазораи Русия бо 15 - 20 тӯп аморати Бухороро забт карда буд.
Дар миёни дастаҳои босмачиён, аз ҷумла дору дастаҳои Иброҳимбек, Туқайсарӣ, Элбошӣ, Эшонқул, Утанбек, Кӯри Эргаш, Кӯри Ортиқ, Кӯри Шермат, Қаротуқсабо, Чорӣ Қаюм ва дастаҳои дигар шумори тоҷикон кам буданд, зеро аксаран он дастаи ғоратгаронро ҳамон раҳзанон ташкил мекарданд, ки ҳамвора дар сари роҳи бозоракиҳову тоҷирони кӯҳнишин камин гирифта, бо онҳо дар ситез буданд. Дастаи Давлатманд бештар аз турктаборону тоҷикони Балҷувон, Кангурт, Сари Хосор ва Ховалинг иборат буд ва то ба дастаи онҳо пайвастани Анварпошшо он қадар фаъол набуд. Анварпошшои генерали Туркия, ки аз Олмон ба Россия омада, бо Ленин ва Джерзинский вохӯрда буд ва ба сарварони болшевикҳо қавл дода буд, ки Ҷумҳурии сотсиалистии Туркистон ташкил хоҳад дод, соли 1921 вориди Бухоро мешавад. Анвар бо сарони болшевикҳо ва амири Бухоро бозии духӯра мебурд. Ӯ ба назди амир Олимхон омада, супориш мегирад, ки ба Бухорои Шарқӣ, яъне Тоҷикистони имрӯза равад. 
Мебояд ёдовар шуд, ки дарунмояи ҳаракати босмачигарӣ иборат аз пантуркизм ва пантуронизм буд, ки онро бо либоси панисломизм ороиш медоданд. Сарварони баландпояи босмачигарӣ бар он буданд, ки гӯишгарони забонҳои туркии ба ислом эътиқоддошта бояд дар як давлати воҳид зери сарпарастии ҳукумати туркӣ зиндагӣ намоянд. Бояд донист, ки онҳо худро бо вожаи «босмач - босмачӣ» ном намегирифтанд. Ин унвонро ба онҳо мардумон дода буданд, яъне тороҷгар (ғоратгар, чаповулгар). Босмачиён худро «муҷоҳид» номида, ҳама кардаҳояшонро ба дин мепайвастанд ва бо ин унвонгузорӣ, ҳаммонанди террористони замони мо - «наҳзати ислом», «давлати исломӣ», «ҷиҳоди исломӣ», хешро ҳомӣ ва густаришдиҳандаи дини ислом намоён мекарданд. Ва агар аз вожаи «миллат» кор мегирифтанд, дини исломро дар назар доштанд. Дар ҳаракати онҳо идеяи миллӣ ҷой дошта наметавонист, зеро миллат вуҷуд надошт ва бо номи миллати ислом  раванди ассимилятсияи (мунҳалгаштани) чандсадсолаи тоҷиконро суръат мебахшиданд.
Дар мавриди раҳоӣ аз ассимилятсияи (мунҳал гаштани) тоҷикон таърихшиноси тоҷик, профессори донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Камол Абдуллоев навиштааст: «....маҳз ҳукумати шӯравӣ ҷараёни ассимилятсияи тоҷиконро боздошта, барои нигаҳдошти ҳувияти миллиашон саҳм гузоштааст».
Дарунмояи туркӣ доштани босмачигариро ин нукта исбот мекунад, ки генералҳои баландҷойгоҳи Туркия Анварпошшо, Сомипошшо ба сарварии босмачиён гумошта шуда, унвонҳои сарварони ҷузвитомҳояшон саросар туркӣ буд. Чунончи: қурбошӣ, мингбошӣ, юзбошӣ, элликбошӣ, эшағабошӣ, туқсабо, ҷепачӣ, қаровулбегӣ.
Бар пояи шунидаҳо аз бузургсолони солҳои 60 – уми садсолаи гузашта, чунин пиндоре низ ҷой дорад, ки Иброҳимбеки лақай Анварпошшоро бад – он хотир ба ёрии Давлатманд фиристод, ки дастаи ӯ бештар аз тоҷикон иборат буд ва 10 – 12 сол пеш аз Инқилоби болшевикон бо дастаҳои роҳзанони тӯғайзор (қамишзорон) ҷангида, онҳоро то Саройкамар (Панҷи имрӯза) ронда,оқсақолонашонро тавба дода буд, ки дигар дар сари роҳ камин гирифта тоҷирони кӯҳнишинро ғорат намекунанд, шабҳо аз рабудани духтарону чорвои онҳо даст мекашанд. Пиндореро низ аз гуфтори мӯйсафеди 80 – сола шунида будам, ки Анварро яке аз муҳофизони Давлатманд парронда буд, на аскари рус, зеро пай бурд, ки ӯ духӯра буда, ҷосуси болшевикҳо низ мебошад ва як рӯз пеш аз ҳамлаи аскарони сурх, ба Ховалинг назди комиссари ЧК рафта буд.
Онҳо дар ҳаракати сиёҳи худ аз хидмати муллоёни ифротгаро ба таври густурда кор мегирифтанд. Устод Садриддин Айнӣ ҷамъияти иртиҷоии «Шӯрои исломӣ» - ро, ки дар Самарқанд аз тарафи ифротиёни динӣ таъсис шуда буд, зери танқиди сахт қарор дода, онҳоро ҳамкорони ғоратгарону дуздҳо донистааст. Босмачиёни оянда аъзои «Шӯрои исломӣ» буданд, ки рӯзона ба бозори шаҳр даромада, моли мардумро тороҷ мекарданд ва шаб ба хонаи раият даромада, даст ба таҷовуз мебурданд.
Босмачиён дар саросари Осиёи Марказӣ на танҳо одамони бо Ҳукумати Шӯравӣ ҳамкорӣ доштаро таъқиб мекарданд, балки муаллимони мактабҳои сохти нав ва занони фаранҷӣ аз сар гирифтаро ба қатл мерасонданд. Ҳамон гуна ки саркардаи босмачиён Фузайлмахсум се нафар духтарони барои таҳсил ба Ғарм равон, Аламбибӣ Гадоева, Муаллимабибӣ Қосимова ва Сайрам Абдуллоеваро боздошта, дар пеши назари аҳолӣ ба дор овехта буданд.
Саркардагони ТТЭ ҲНИ, ки аз дер боз ба коми хирадбохтагӣ фурӯ рафтаанд, барои  дар пинҳонӣ нигоҳ доштани чеҳраҳои аҳриманиашон ва аз хеш тарошидани муборизони роҳи рост, дар навбати нахуст номҳоеро тамғаи  худ месозанд, ки ишора ба пуштибонӣ аз миллат, дин, демократия ва дигар арзишҳои инсонсозии одамон дошта бошад. Ҳамон гуна ки нахуст хешро «наҳзати ислом», сипас, «ҳаракати миллӣ» ва акнун давомдиҳандагони ҳаракати «озодихоҳони босмачӣ» унвонгузорӣ кардаанд.
Албатта, шахси солимандеш ин ҳарзасароиҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Ҳатто хориҷиёни онҳоро дар бағали худ гирифта ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд, вале, аслан, дар дил ба ҳолашон писханд мезананд. Ончуноне аз гуфтори пушти пардаи интернетиашон бармеояд, барои рӯйпӯш кардани   чеҳраи сиёҳи хеш тамғаи наве пайдо кардаанд, ба гунаи давомдиҳандагони ҳаракати босмачигарӣ. Яъне, инҳо ҳаракати босмачиёни солҳои 20 – уми асри гузаштаро бар зидди русҳо зинда карда, адолатро барқарор мекунанд. Гумон мебаранд бо ин ҳила аз ҳама аврупоиёни бадбини Иттиҳоди Шӯравии собиқ ёридиҳандагони худ сохта, аз маблағҳояшон баҳра хоҳанд бурд.
Таърихшиноси зиндаёд Ғолиб Ғоибов дар китоби пурҳаҷму пурмаънии худ, унвонии «Таърихи Хатлон. Аз оғоз то имрӯз», гузаштаи босмачигариро таҳлил намуда, чунин пурсише ба миён гузоштааст, ки «Агар босмачиён дастболо мешуданд, дар зиндагии тоҷикон ягон дигаргунии нек рух медод? Ва худ посух медиҳад, ки ҳаргиз! Тоҷикон дар он сурат дубора ба шеваи куҳнаи ҷаҳолати асримиёнагӣ бозмегаштанд ва дар зери юғи турктаборон бозмемонданд». Ва нуктаи поён ин, ки тоҷиконро дигар на танҳо бо ҳилаҳои куҳан намешавад фиреб дод, балки дар посух ба ҳарзафурӯшиҳои навини интернетӣ, фейсбукӣ ва ютубии худбохтагон писханду ришханду заҳрханд мезананд. 
Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2019    №: 77    Мутолиа карданд: 1144
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед