номаҳо
САТРҲОИ СИПОС
Мақсад аз ин навишта он аст, ки маҳз ба рафтору кирдори ҷавонмардонаи нафароне сипос бигӯяму арзи миннатдорӣ баён кунам. Онҳо кормандону табибони беморхонаи ёрии таъҷилӣ мебошанд. Новобаста аз вақту соат, шаб ё рӯз ҳангоми зарурат, агар ба рақами 03 занг занед, ҳар чи зуд ба шумо ёрии аввалия мерасонанд.
Албатта, дар вақти хуруҷ кардани бемориам, аз антибиотикҳо истифода мебарам, гоҳҳо бемориам аксуламал (реаксия) медиҳад. Шавҳарам доимо дар ин ҳол дар паҳлуям қарор дорад ва чун вазъамро ногувор дармеёбад, зуд ба ёрии таъҷилӣ занг мезанад. Бори охир ҳафтаи гузашта дар авҷи хуруҷи бемориам ба ёрии таъҷилӣ тамос гирифтанд. Онҳо зуд омаданд. Бо табобати дуруст, хушмуомилагӣ маро аз панҷаи марг бори дигар наҷот доданд.
Зимни ташхис ва ёрии аввалия дарёфтам, ки дар ин кор саҳми асосиро сарвари беморхонаи ёрии таъҷилӣ Б. Абдураҳимзода ва муовинашон Р. Раҳимов гирифтаанд. Табибон Амонулло Иззатов, Ситора Юнусова ва ҳамшираҳои шафқат низ барои зуд шифо ёфтанам тамоми тадбирҳои заруриро андешиданд. Ҳангоми хизматрасонӣ мушоҳида шуд, ки онҳо аз сидқи дил дар қасами Гипократ содиқ буда, бетамаъ дар хизмати мардуманд.
Шамсоро АКРАМОВА, сокини шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.05.2019 №: 83 Мутолиа карданд: 3053