logo

энергетика

ХОНЕД, БА ДИГАРОН ҲАМ ФАҲМОНЕД! МУРОҶИАТИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МУШТАРИЁНИ НЕРУИ БАРҚ

Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем.
Эмомалӣ  РАҲМОН

Муштариёни муҳтарами неруи барқ!
Бояд ҳар яки мо огоҳ бошем, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи барқи истифодашуда барои таъминоти пурра ва муназзами барқ  шартҳои асосӣ  ба шумор мераванд. Чанд сол муқаддам мо орзу мекардем, ки маҳдудият барҳам дода шавад. Инак, аз 14 январи соли 2017 инҷониб дар сартосари ҷумҳурӣ маҳдудияти барқ бардошта шуд ва ин боиси кам шудани ташвишу ногувориҳои мардум гардидааст. Вале, мутаассифона, исрофи беҳудаи неруи барқ ва пурра падохт нагардидани маблағи барқи истифодашуда имрӯз боиси нигаронии ҷиддӣ қарор дорад. Тамоми зимистон бо барқ таъмин будан, истифодаи дигар намудҳои сӯзишвориро маҳдуд намудааст, вале дар як вақт баъзе муштариён бобати пардохти ҳаққи барқ масъулияти ҷиддӣ зоҳир намесозанд. Ин аст, ки то имрӯз қарзи аҳолии кишвар аз барқ ба як миллиард сомонӣ наздик шудааст. Дар ин ҳолат таъмини пурра ва муназзами барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон мегардад.
Бале, барқ як неруи фавқулода ва барои зиндагиву рӯзгори мо хеле зарурист. Муштарӣ барои дастрас намудани он вақт сарф намекунад, пешакӣ маблағ ҳам пардохт намесозад; пахш намудани тугмачае кифоя аст, ки барқ ба хизмати мо, ба рӯшану гарм намудани манзили мо ва ҷои кори мо, ба осону гуворо намудани лаҳзаҳои ҳаёти мо омода бошад… Вале, оё мо боре андеша кардаем, ки ин неруи олиҷаноби бесадову бебуву беранг ва ба ҳама дастрас  бо чи душвориҳо, бо чи заҳматҳо тавлид меёбад ва то ба хонаи мо, то корхонаи мо  интиқол ёфтанаш  кадом масофа ва чи монеаҳоро пушти сар менамояд. Барқ ҳам монанди ангишт, ҳезум, газ ва дигар маводи  сӯхт маҳсулот аст, нарху қиммат дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми аз барқ истифода бурдан бояд маблағаш ҳатман пардохт гардад. Ин барои бо барқ таъмин будани мо ва такроран истеҳсол намудани неруи барқ хеле зарур аст.
Барои он ки ҳар як шахс ва кулли кишвари мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, маблағҳои зиёде хароҷот мешаванд, зиёда аз 13 ҳазор нафар корманди соҳа шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бетаваққуф барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи  60 804 километр хати барқ ва 18 617 адад трансформатори иқтидорҳояшон мухталиф муттасил зери шиддатанд. Инчунин, барои бунёди неругоҳҳои нав, таъмиру таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, ки муҳлати истифодаи аксарияташон аллакай гузаштааст, таъмиру таҷдиди инфрасохтор, хулоса - рӯи по нигоҳ доштани ниҳоди энергетикӣ, низ маблағҳои калон лозиманд. Ба ғайр аз ин ширкати «Барқи тоҷик» ҳар сол танҳо барои истифодаи об то 40 миллион сомони андози роялтӣ месупорад. Бо назардошти ин ҳама, ҳар як муштарӣ агар ҳаққи барқи истифодашударо пардохт насозад, бобати такроран истеҳсол намудани неруи барқ ва таъминоти пурраи ҷумҳурӣ бо барқ душвориҳои ҷиддӣ пеш меоянд ва ҳатто имкони бемаҳдудият бо барқ таъмин намудани ҷумҳурӣ бо неруи барқ халалдор мегардад.
Тамоми мушкилот осон мегардад ба як шарте, ки, агар, ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд. Бале, барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Фарқият дар он аст, ки барои дигар маҳсулот, ҳатто ҳар дақиқаи телефонии мобилӣ, мову шумо маблағро пешпардохт мекунем; яъне, аввал пулашро медиҳему баъд онро дастрас менамоем. Вале барқ насия дода мешавад, аввал онро мегирем, истифода мебарем ва баъд бояд маблағашро пардохт намоем. Аз ин рӯ, пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гӯшаи виҷдони ҳар инсон аст. Бовар кунед, нисбат ба бисёре аз маҳсулоте, ки шумо харидорӣ мекунед, масалан аз дақиқаҳои телефонии мобилӣ  дида, барои мову шумо барқ муҳимтару заруртар аст.
Вобаста ба ин ҳама ШСХК «Барқи тоҷик» ба шумо, муштариён, бо камоли эҳтиром муроҷиат менамояд, ки барои доимо бо барқ таъмин будан, ҳаққи барқи истифодашударо пурра ва сари вақт пардохт намоед. Мо ба хотири доимо нурборону пурзиё  будани хонадони шумо ягон чизи зиёдатӣ талаб надорем. Фақат хоҳиш мекунем маблағи барқи истифода бурдаатонро, яъне маблағи барқи насия гирифтаатонро, пардохт намоед!

Муштариёни муҳтарами неруи барқ!
Алҳол ширкати «Барқи тоҷик» имконияти техникии ба таври инфиродӣ хомӯш намудани барқи ҳар як муштарии қарздорро надорад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи зам шудани қарзҳо мо наметавонем, ки деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳоро аз барқ маҳрум созем. Аз дигар тараф, ин нисбат ба муштариёне, ки маблағи барқи истифодабурдаашонро сари вақт пардохт менамоянд, ноинсофӣ мешавад. Аз ин рӯ, мо ба шаҳрвандони ҳисси масъулияташон баланд хоҳиш менамоем, ки бобати пардохти маблағи барқи истифодабурдаашон нисбат ба ҳамсояҳои худ таъсир расонанд.
Бобати сари вақт ва пурра пардохт намудани маблағи барқи истифодашуда мо аҳли зиё, муаллимон, кормандони соҳаи санъат ва уламову имомхатибони масоҷидро хоҳиш менамоем, ки бобати тарғиби аҳолӣ кумаки худро дареғ надоранд. Дуздидани барқ ин дуздии одӣ нест, балки он даст халондан ба хазинаи ҷомеа ва рабудани ҳаққи ҳамсояву ҳамдеҳа аст.
Барои пешгирии исрофи беҳуда ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ дар сатҳи баландтарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас пешбинӣ шудааст. Мутобиқи супориши банди 20-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019, № 2 як қатор ниҳодҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, дигар вазорату идораҳо ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур гирифтанд, ки муроҷиат ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи сарфаю сариштакоронаи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқро ба таври судманд ва оммафаҳм ба роҳ монанд. Ба низоми энергетикии кишвар дастур дода шудааст, ки интиқоли барқро  ба ташкилоту корхонаҳои қарздор қатъ намоянд.
Тадбирҳои дар ин ҳуҷҷат пешбинишуда дахолати мунтазам ва ҷиддиро тақозо менамояд. Чунки вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз натиҷаи иҷрои супориши ин протокол бояд ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Муштариёни муҳтарами неруи барқ!
Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ба ҳар сокини кишвар муроҷиат менамояд, ки худ бобати пардохти ҳаққи истифодаи барқ масъулияти баланд нишон диҳад ва барои ошкор намудани ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ бетарафӣ зоҳир насозад. Фаромӯш набояд кард, ки касе аз барқи дуздӣ истифода мебарад, сарфакорона истифода бурдани онро ба гӯшаи хотир ҳам намеорад. Чунин шахсони худхоҳу ғоратпеша боиси он мегарданд, ки ба таъминоти барқи мову шумо халали ҷиддие ворид гардад.
Мо ҳама вақт дар нияти таъминоти пурраи кишвар бо барқ мебошем ва ин вазифаи ҷонии ҳар корманди соҳаи барк мебошад. Аз муштариёни муҳтарами неруи барқ бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки дар ин кори муҳим ба мо кумаку дастгирии худро дареғ надоранд. Ин ба манфиати тамоми ҷомеа мебошад.

Муштариёни муҳтарам! 
- Ҳаққи истифодаи барқ чунин ҳисоб карда мешавад: Масалан, дар сурати 19,37 дирам будани  нархи 1 кВт.соат неруи барқ (барои аҳолӣ) миқдори кВт.соати истифодашуда бо нархи тарифӣ зарб ва ба сад тақсим мегардад. Масалан, дар сурати 300 кВт.соат барқ истифода бурдан, ҳисоб чунин мешавад:
300 кВт.соат  х 19,37 дир. = 5811дирам.
5811 дирам  : 100  = 58,11  сомонӣ
Яъне барои 300 кВт.соат 58 сомониву 11 дирам маблағи барқ пардохтан лозим аст.
- Маблағи истифодаи барқро то санаи 15 - уми ҳар моҳ, тавассути нуқтаҳои БДА ҶТ «Амонатбонк», пардохт намоед. Ин амал баҳсу якдигарнофаҳмиҳоро пурра аз байн мебардорад. Ҳар муштарӣ метавонад, ки бе иштироки назоратчӣ, худаш варақаи пардохтро пур карда, тавассути нуқтаҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» маблағи барқро пардохт намояд. Ҳуҷҷати пардохтро нигоҳ доред.
Ба шумо  хонадони пур аз нуру зиё ва  ободии рӯзгор таманно дорем, муштариёни гиромӣ!
Маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2019    №: 83    Мутолиа карданд: 13994
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед