logo

ҳуқуқ

 ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ЗАМИНФУРӮШӢ. ИН ДАФЪА РАИС БА ДАСТ АФТОД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолати порагирӣ аз ҷониби Муқим Насриддинзода, раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, М. Насриддинзода моҳи марти соли ҷорӣ тавассути миёнарав Наврӯзбек Табаров аз як шаҳрванд барои ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои деҳаи Бандари Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон 12500 сомонӣ талаб кардааст. Раиси кумитаи замин ба воситаи миёнараваш аз шаҳрванд «А» дар се ҳолат 600 доллари ИМА ва 500 сомониро ҳамчун пора гирифтааст.
Оид ба ин ҳолат 19 апрели соли ҷорӣ нисбат ба М. Насриддинзода бо моддаи 319 қисми 1 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав…) ва Н. Табаров бо моддаҳои 36 (шарикони ҷиноят) қисми 5, 319 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳамон рӯз миёнарав Н. Табаров баъд аз гирифтани 6000 сомонии дигар дастгир гардид.

РОҲЗАНӢ. БОЗДОШТИ НИҚОБПӮШЕ, КИ МЕХОСТ
БОНКИ "ЭСХАТА" - РО ҒОРАТ КУНАД

Як сокини ноҳияи Хуросон, ки аз ӯ марди 22 сола ном бурда мешавад, 30 апрел дар сар ниқоб ва дар даст корду ашёи ба силоҳ монанд вориди маркази хизматрасонии ҶСК бонки «Эсхата», воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шуда, бо таҳдид ба кормандони бонк 45000 сомонӣ ва 2 ҳазору 250 доллари амрикоиро тасарруф намудааст.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар медиҳад, номбурда баъд аз тасарруфи маблағҳо роҳи фирор аз маркази хизматрасониро пеш гирифт. Вале, дар ин ҳангом ба муқобилияти кормандони бонки мазкур рӯ ба рӯ шуда, дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд.
Ҳоло ӯ ба гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дар боздошт қарор дошта, тафтишоти ҳодиса давом дорад.

МИЛИТСИЯ РОНАНДАҲОИ МАСТРО БА ҶАВОБГАРӢ КАШИД

Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии РВКД дар шаҳри Душанбе давоми як ҳафтаи охир 6 ҳодисаи дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёро ошкор намуданд.
Сомонаи РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҳамаи ронандагони маст аз ҷониби нозирони роҳ ошкору муайян шуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ба таъкиди манбаъ идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ буда, ба ҷони ронанда ва роҳгузарон хатари ҷиддӣ дорад.
 Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.05.2019    №: 84    Мутолиа карданд: 845
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед