ҳуқуқ
БОХТАР.
ЧАРО ҲАЛНОМАИ СУД ИҶРО НАМЕШАВАД?
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби сокини шаҳри Бохтар М. Худойбердиева таҳти унвони «Бохтар. Чаро ҳалномаи суд иҷро намешавад?» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 9 апрели соли 2019 (№ 67) нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Муайян гардид, ки бо ҳалномаи суди шаҳри Леваканд (Сарбанд) аз 24 августи соли 2017 даъвои Нортаджи Худойбердиева бо ҷавобгарии Дилором Туйдиева дар бораи талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастоварандаи ғайриқонунӣ ва кӯчондан аз манзили истиқоматӣ қонеъ гардида, Д. Туйдиева бо аҳли оилааш аз манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), кӯчаи «Дӯстии халқҳо», бинои 68, ҳуҷраи 23 кӯчонда, манзили мазкур ба даъвогар Н. Худойбердиева баргардонда шудааст.
Даъвои муқобили даъвои Д. Туйдиева бо ҷавобгарии Н. Худойбердиева ҶДММ «Нур» - и шаҳри Бохтар ва идораи нотариалии давлатии шаҳр оид ба беэътибор донистани шартномаи харидуфурӯши манзили истиқоматӣ ва бадастоварандаи бовиҷдон эътироф намудани ӯ рад шудааст.
Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Хатлон аз 10 октябри соли 2017 ҳалномаи суди марҳилаи якум бетағйир ва шикояти кассатсионии Д. Туйдиева беқаноат мононда шудааст.
Чуноне бармеояд, М. Худойбердиева дар матлабаш ба «Ҷумҳурият» оид ба асоснокии санадҳои судии парвандаи мазкур баҳс накарда, аз иҷро нашудани ҳалномаи суд дар бораи кӯчондани Д. Туйдиева бо аҳли оилааш аз манзили истиқоматӣ ва ба модараш – Н. Худойбердиева баргардондани манзили мазкур шикоят намудааст.
Бояд қайд кард, ки иҷрои санадҳои судӣ ба зиммаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Аз ин лиҳоз, вобаста ба иҷро нагардидани ҳалномаи суд муаллиф метавонад ба мақомоти мазкур муроҷиат намояд.
А. Н. ИСҲОҚӢ,
муовини раиси Суди Олӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.05.2019 №: 85 Мутолиа карданд: 884