ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ПОРА ДУ КОРМАНДИ СУДРО БА ҶАВОБГАРӢ КАШИД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ду корманди мақомоти судиро анҷом дода, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, Муродҷон Ҳамзаев - пристави суди ноҳияи Деваштич ва Фурқат Исроилзода, котиби суди ноҳияи Шаҳристон, барои бекор кардани ақди никоҳ аз як шаҳрванд 3000 сомонӣ талаб кардаанд. Дар ин бора 31 январи соли ҷорӣ шаҳрванд «А» ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуда, хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба Фурқат Исроилзода шудааст. Ба навиштаи манбаъ Ф. Исроилзода маблағи зикршударо ба воситаи пристави суди ноҳияи Деваштич Муродҷон Ҳамзаев талаб кардааст.
Дар натиҷаи гузарондани амалҳои фаврӣ - тафтишотӣ М. Ҳамзаев баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани 3000 сомонӣ дастгир шуда, нисбат ба кормандони суд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
ҚАЛЛОБӢ
БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 8 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ва ҳайратангез хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, Шаҳром ном шахси номаълум бо роҳи фиреб ба боварии марди 48 - солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, дар давоми моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ аз ӯ барои тиҷорат 8 миллиону 839 ҳазору 960 сомонӣ гирифтааст. Ин мард вобаста ба қазияи мавриди назар ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муроҷиат кардааст.
Дар пайи муроҷиати шаҳрванд кормандони милитсия марди 21- солаи сокини ноҳияи Варзобро бо гумони қаллобӣ дастгир карданд. Ҳоло нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ТАНЗИМ.
БОЗ ЯК ҚОНУНШИКАН ҶАЗО ГИРИФТ
Чанде қабл суди шаҳри Турсунзода нисбат ба шаҳрванд Дилафрӯз Иргашева барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷазо дар намуди ҷарима таъйин намуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, Дилафрӯз Иргашева, сокини шаҳри Турсунзода, бархилофи талаботи моддаи 10 қисми 1 – и қонуни мазкур амал намуда, маъракаи чойгаштаки духтарашро дар тарабхонаи «Ширкент» - и маҳаллаи 2 - и ҳамин шаҳр доир намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат суд бо дастрасии моддаи 481 қисми 1 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Иргашеваро ба андозаи 5500 сомонӣ ҷарима кард.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.05.2019 №: 91 Мутолиа карданд: 837