logo

иқтисод

 ХАТЛОН ДАР МАСИРИ НАВИ РУШД

Дар вилояти Хатлон, зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 2,8 миллиард сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 дарсадро ташкил додааст. Ин рақам шаҳодат медиҳад, ки аҳли заҳмати вилоят дар масири тозаи рушду комёбиҳо қарор дошта, рӯз ба рӯз дастовардҳои меҳнатии худро афзун менамоянд. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, дар суҳбати фарогире бо хабарнигорони рӯзнома самтҳои гуногуни фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли 2019, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаро шарҳ дод, ки  фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
- Сокинони сарбаланди вилоят дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, семоҳаи аввали соли ҷориро дар умум бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Чунончи, иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,4 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 337,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Пешвои муаззами миллат дар баромадҳояшон ба рушди соҳаи бонкдорӣ таъкид намуда, ба бонкдорон тавсия доданд, ки бо пешниҳоди сабукиҳо дар маблағгузории соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва сайёҳӣ саҳми бештар гузоранд. Дар партави ҳамин ҳидоятҳо дар муддати се моҳи соли равон бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 333,5 миллион сомонӣ қарз ҷудо намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 37,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Гардиши савдо, ки аз рушди он ба сатҳи фаъолияти соҳибкорон ва сокинон баҳои воқеӣ додан мумкин аст, ба 1307,3 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 263 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ беш аз 495 миллион сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипарӣ 17,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Гардиши савдои хориҷӣ 81,3 миллион доллари ИМА - ро ташкил медиҳад. Содироти мол 38763 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти  соли гузашта 4,3 дарсад ё 1592,7 ҳазор доллар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки аз вилоят ба хориҷи кишвар, асосан, нахи пахта, калобаи ришта, шираи камол, маҳсулоти кишоварзӣ, неруи барқ ва семент содир гардида, аз хориҷ шакар, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ ворид мешавад.
Айни ҳол, бо мақсади таъмини шароити кору зиндагии беҳтар барои сокинон дар вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 454,5  миллион долларро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1 январи соли 2019 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1654,6 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 1471,5 миллион доллари он сармояи мустақими хориҷист.
Қобили зикр аст, ки ҳоло дар вилоят 44 субъекти соҳибкорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият дошта, бештари маблағҳои ҷалбгарида ба ҶДММ “Талко Кемикал”,  ҶДММ “ТК Ойл”, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент”, ИА “Водии Заррин”, ЖБИ “Чжунсой Моҳир Семент”, ҶСП “Ҷунтай Хатлон Син Силу” ва ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу” рост меояд. Ва маҳз роҳандозии ҳамин тадбирҳо боис гардиданд, ки дар самти амалисозии дастури ҳамешагии Сарвари давлат, оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ то ҷое муваффақ шавем. Аз ҷумла, давоми се моҳ дар ҳудуди вилоят 8 ҳазору 626 ҷойи нави корӣ ва барқароршуда аз ҳисоби шахсони воқеӣ таъсис дода шуд. 76 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронда, 1038 шахси бекор бо кор таъмин ва дар маҷмӯъ, 2481 шаҳрванд бо шуғл фаро гирифта шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва фарогир дар вилояти Хатлон ба шумор рафта, рушди ин бахш дар умум, рушди ҷомеаи вилоят аст. Дар семоҳаи аввал деҳқонони вилоят бо дарки ҳамин рисолат киштукори саривақтиро анҷом дода, уҳдадориҳои худро бо сари баланд иҷро карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 520,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 миллион сомонӣ зиёд иҷро гардид. Дар бахшҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 214,1 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуда, баробар ба 70,1 дарсади дурнамои солонаи кишт мебошад. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 839,5 тонна сабзавот, 15 ҳазор тонна гӯшт, 70,1 ҳазор тонна шир, 23,8 миллион дона тухм истеҳсол гардида, аз 6 то 27 дарсад афзоиш медиҳад. Дар вилоят 1025 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 891 гектар бунёд гардида, дар ин давра 235 гектар боғ ва 67 гектар токзор барқарор карда шуда, дар умум, иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ 117,7 дарсад таъмин гардид.
Боиси қаноатмандист, ки дар ин давра соҳибкорони вилоят дар ҷавоб ба ғамхориву пуштибонии ҳамешагии Пешвои миллат як қатор корҳои ободониро ба анҷом расонданд. Аз ҷумла, дар се моҳ 20 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфта, 212 ҷойи корӣ муҳайё шуд.
Сокинони вилояти Хатлон, чун дигар мардуми шарафманди мамлакат, азму талош доранд, ки Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд. Ба ин муносибат, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва сохтмони 6 ҳазору 226 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. То моҳи апрели соли равон дар 1714 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шуда, ки аз шумораи умумӣ 27,5 дарсадро дар бар мегирад. Дар 2 ҳазору 402 бинову иншооти дигар сохтмон ҷараён дошта, бунёди 300 майдонча ва 80 толори варзиш ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, дар семоҳаи аввали соли равон 20 майдонча, 1 маҷмааи варзиш ва 2 толори варзиши замонавӣ бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон сохта ба истифода дода шуданд.
Дар ин давра дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 9 миллиону 887 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру навсозии роҳҳо сомон ёфтанд. Аз ҷумла, 5,1 километр таъмири асосӣ, 716,2 километр таъмири ҷорӣ, 262 сангфарш ва 15 адад пул бо дарозии 150 метр иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 6 миллиону 655  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади сарсабзу хуррам ва гулпӯш кардани гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳру навоҳӣ шинондани ниҳол, гулу буттаҳо васеъ ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, аз тарафи корхонаҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилоят 38 гармхона дар масоҳати 5 ҳазору 604 метри мукааб бунёд  шуда, дар онҳо қаламчаи гули садбарг, ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва гули мавсимӣ парвариш меёбанд.
Азбаски вилояти Хатлон иқлими барои равнақи ҳама намудҳои туризм мусоид дорад, масъулони соҳа, соҳибкорони алоҳида, сокинони наздик ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пайваста дар фикри дарёфти манбаъҳои иловагии даромад аз соҳаи сайёҳӣ ҳастанд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят 795 ёдгорию мавзеи таърихӣ - фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 89 меҳмонхона, 51 ҳомстей ва гестҳауз, 57 мағозаи фурӯши армуғон, 38 осорхона, 77 мавзеи сайёҳӣ, 34 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 117 тарабхона, 229 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 114 зиёратгоҳ ва 28 боғи фарҳангию фароғатӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза сайёҳон аз ин мавзеъҳо тамошо ва истифода мебаранд. Инчунин, дар вилоят 14 ширкати сайёҳӣ машғули хидматрасонист. Дар семоҳаи аввали соли равон ба вилоят 34 ҳазору 588 сайёҳи дохилию хориҷӣ, аз ҷумла 1 ҳазору 240 сайёҳи хориҷӣ ва 33 ҳазору 348 сайёҳи дохилӣ, ташриф овардааст.
Итминони комил дорем, ки минбаъд низ сокинони вилоят дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва файзи сулҳу ваҳдати миллӣ ба комёбиҳои аз ин бештар мушарраф мешаванд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.05.2019    №: 91    Мутолиа карданд: 1005
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед