иқтисод
ХАТЛОН. КИШТИ ПУНБАДОНА ВУСЪАТ МЕЁБАД
Аз сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки заҳматкашони вилоят то 21 апрел дар 120 ҳазору 727 гектар пунбадона кишт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 935 гектар зиёд аст.
Меҳнатулло Сироҷов, сардори сарраёсат, иброз дошт, ки баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва коркарди он то маҳсулоти ниҳоӣ яке аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мутахассисону кишоварзон, тибқи нақша, соли равон 275 ҳазору 200 тонна пахта рӯёнданианд.
Азбаски маҳсули кори пахтакорон аз техникаю технологияи кишоварзӣ вобастагии калон дорад, кишоварзони вилоят дар мавсими киштукори баҳорӣ бо техникаҳои гуногунтамға таъминанд. Онҳо 979 тухмипошакро самаранок истифода бурда, рӯзе дар 7 - 8 ҳазор гектар чигит мекоранд.
Барои баланд бардоштани ҳосил тухмии навъҳои аълосифати «Хатлон – 2011», «Хатлон – 2012», «Хатлон – 2014», «Флеш», «Чинӣ», «Тоҷикистон», «Ориёӣ», «Хуҷанд – 67», «Ирам – 1 МН», «Тобон» ва ғайра кишт гардид. Ҳоло барои таъмини хоҷагиҳои пахтакор бо тухмӣ дар ҳудуди вилоят 11 ҳазору 700 тонна чигити хушсифат захира шудааст. Пахтакорон барои гирифтани ҳосили хуб аз усулҳои босамари агротехникӣ истифода мебаранд.
Дар маъракаи кишти пунбадона шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Леваканд, Шаҳритуз, Панҷ, Хуросон, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ пешсафанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2019 №: 80 Мутолиа карданд: 1133