иқтисод
МОИ “ИШКОШИМ”. ЧАНД МУШКИЛИ ЯК МИНТАҚА
Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ, ки дар он бахши хусусӣ мавқеи асосӣ дорад, рушди иқтисодиёт ба сармоягузории хориҷӣ низ вобаста аст. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ маҳз бо мақсади ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ таъсис дода шудаанд. Ин иқдом аз ҷумлаи ислоҳоти куллӣ дар иқтисодиёти миллӣ мебошад. Ҳоло доир ба бурду бохти МОИ “Ишкошим”, ки аз таъсиси он 10 сол мегузарад, фишурдаи суҳбати хабарнигори рӯзнома бо Сураҷ Тоҳирҷонзода, сардори минтақа, пешкаш мегардад:
- Соли 2009 баробари се минтақаи мавҷудаи озоди иқтисодӣ - “Суғд”, “Данғара” ва “Панҷ” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” таъсис дода шуд. Масоҳати умумии минтақа 200 гектарро фаро гирифта, он дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир мебошад. Ҷиҳати ба истифода додани пули мошингузар аз болои дарёи Панҷ ва ба роҳ мондани савдои наздисарҳадӣ байни ду давлат барои соҳибкорон имкониятҳои нави равнақ додани тиҷорат фароҳам оварда шуданд. Соли 2011 аз тарафи коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон лоиҳаи стратегияи рушди минтақа таҳия гардида, дар ҳузури намояндагони вазоратҳои дахлдор ва шарикони рушд муаррифӣ карда шуд. Давоми солҳои 2012 - 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои бунёди инфрасохтори МОИ 6 миллиону 969,5 ҳазор сомонӣ равона гардида, дар ҳудуди минтақа корҳои геодезию топографӣ, таҳияи нақшаи генералӣ дар ҳудуди 150 гектар, азнавсозии бинои маъмурӣ, гузарондани хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқ ва оби нӯшоӣ, кандани чоҳҳои амудӣ, сохтмони обанборҳо анҷом дода шуданд. Айни замон бунёди гузаргоҳи гумрукии минтақа, роҳи дохилӣ, сохтмони хати пастшиддати барқ ва маҳкамкунии ҳудуди минтақа идома дорад.
Тарғиби имкониятҳо ва дарёфт кардани сармояи хориҷӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Бо ин мақсад, маъмурияти МОИ “Ишкошим” ба ҷумҳуриҳои Покистону Афғонистон ва Чин сафарҳо анҷом дода, ба сармоягузорони ин давлатҳо имкониятҳои минтақаро ба таври шоиста муаррифӣ намуд. Дар ин давра соҳибкорону тоҷирон, бахусус аз Афғонистону Покистон, ба минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Моҳи феврали соли 2018 дар МОИ “Ишкошим” ширкати ватании ҶДММ “Ғаюрҷон” бо ҳаҷми сармоягузории 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуд. Самти фаъолияти ширкат воридоти маҳсулот аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва тавассути минтақа интиқол додани он (реэкспорт) ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Ҳамчунин, моҳи майи соли 2018 бо даъвати роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия намояндагони ширкати кореягии “Шинан стоун ЛТД” масъалаи коркарди санги мармари мавзеи Лангар ва имкониятҳои дигари минтақаро мавриди омӯзиш қарор доданд. Умед аст, ки дар ин самт ҳам корҳои назаррас роҳандозӣ мегарданд.
Вале, фаъолияти МОИ “Ишкошим” ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро давоми 10 сол дар минтақа он пешравиҳое, ки мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда бояд ба даст меомаданд, ба чашм намерасанд. Мушкили асосӣ, ки ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ монеъ мегардад, авзои ноороми кишвари ҳамсоя - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад, ки ба тафаккури сармоягузорони хориҷӣ таъсири манфӣ расонда истодааст. Масалан, моҳи марти соли 2017 мо бо намояндагони ширкати “China industrial” вохӯрӣ намуда, имкониятҳои минтақаро барояшон муаррифӣ намудем. Барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо моҳи апрели ҳамин сол бояд роҳбарияти ин ширкат ба минтақа ташриф меовард, мутаассифона, бо ноором гардидани вазъи амнияти вулусволии Ишкошими Афғонистон онҳо аз сафар худдорӣ намуданд ва гуфтушунидҳо муваққатан қатъ карда шуданд.
Мушкили дигари фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” ҳолати ногувори роҳи автомобилгарди Хоруғ – Ишкошим мебошад, ки боиси нигаронии сармоягузорони минтақа гардидааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳҳои оҳан ва баҳрӣ дастрасӣ надорад ва дар ин минтақа роҳи автомобилгард ягона воситаи воридоту содироти маҳсулот мебошад. Пас, чаро МОИ маҳз дар ноҳияи Ишкошим ташкил гардид?
Зимни интихоби минтақа ҷанбаи ниҳоят муҳими рушди он - кушодашавии роҳи автомобилгарди байналмилалии Тоҷикистон - Покистон ба инобат гирифта шуда буд. Он дар оянда метавонад вилоятро ба маркази логистикӣ–транзитӣ табдил диҳад. Бо кушодашавии ин шоҳроҳ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ боз як қадами устувор гузошта мешавад. Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” ба яке аз марказҳои муосири ҳамоҳангсозии соҳибкории байнимарзӣ мубаддал хоҳад гашт. Мутаассифона, масъалаи оғози сохтмони роҳи мазкур низ ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст.
Гузашта аз ин, фазои сармоягузории ноҳияи Ишкошим низ ҳоло ба сармоягузорони маҳаллӣ имконият намедиҳад, ки худро ҳамчун субъекти соҳибкорӣ дар минтақа ба қайд гирифта, фаъолият намоянд. Бо вуҷуди имкониятҳои фароҳам, айни замон фазои сармоягузории ноҳия дар муқоиса ба маркази вилоят дар сатҳи паст қарор дорад. Соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хоруғ 52 миллиону 587 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз тарафи соҳибкорони шаҳри Хоруғ 5 коргоҳи истеҳсолӣ бо таъсиси зиёда аз 20 ҷойи доимии корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ноҳияи Ишкошим бошад, соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамагӣ 8 миллиону 830,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба шаҳри Хоруғ 43 миллиону 756,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Яъне фазои сармоягузорӣ ва дар ин замина ба кор андохтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар шаҳри Хоруғ назар ба ноҳияи Ишкошим бамаротиб беҳтар мебошад, ки ин асосан, ба инфрасохтори рушдёфтаи маркази вилоят вобаста аст.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2019 №: 92 Мутолиа карданд: 1051