ҳуқуқ
ЗАМИН. НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини сокинони кишвар бо манзили зист дар замони Истиқлолияти давлатӣ 135 ҳазор гектар заминро ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо намудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини некуаҳволии мардуми кишвар дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 - ум 50 ҳазор гектар ва аз 1 декабри соли 1997 - ум 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон тақсим гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30 ноябри соли 2012 зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҳар як ваҷаб замини корам бояд ҳамчун омили таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон ба ҳисоб меравад, истифода шавад.
Бояд дар назар дошт, ки 93 фоизи ҳудуди ҷумҳуриро кӯҳҳо ва танҳо 7 фоизи онро заминҳои ҳамвор ташкил дода, риояи бемайлон ва бечунучарои қонунгузории истифодаи замин яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Ин ҳолат дар навбати худ аз ҳар як шахси масъул иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва муносибати дилсӯзонаро ба замин тақозо менамояд.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат аввали соли ҷорӣ дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин ва дар як қатор прокуратураҳои поёнӣ, аз ҷумла дар прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, воҳидҳои махсус оид ба назорати қонунгузории замин ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Раёсати мазкур дар ҳамбастагӣ бо зерсохторҳои поёнӣ фаъолияти худро пеш аз ҳама ба фаҳмондадиҳии талаботи қонунгузории замин, пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт, баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон ва шахсони мансабдори масъули соҳа, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо равона кардааст.
Дар ин самт прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ корҳои муайянро ба сомон расондааст. Масалан, прокуратураи ноҳия дар давоми соли 2018 ва се моҳи соли 2019 дар ин самт 29 санҷиш гузаронда, аз натиҷаи он баҳри фавран бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда 68 амр, 12 пешниҳод ирсол карда, 91 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 39 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Бо натиҷаи санадҳои эътиноии прокурор 1,19 гектар замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввалааш баргардонда шудаанд.
Яке аз мушкилоти имрӯза дар ин соҳа ғайриқонунӣ ишғол кардани заминҳо ва сохтмонҳои худсарона дар онҳо мебошад. Бинобар ин, прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки дар ин замина назорати прокурориро боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва сари вақт бартарафсозии чунин қонунвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Наргис САНГИНЗОДА, коромӯз - ёрдамчии прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.2019 №: 92 Мутолиа карданд: 893