logo

иқтисод

 ХАТЛОН: ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

Кишоварзӣ бахши муҳими истеҳсолот ба ҳисоб рафта, бо имконияти таъмини амнияти озуқаворӣ ва коркарди минбаъдаи саноатии ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ дар рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калон дорад.
Системаи хоҷагии кишоварзии вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, майдони васеи заминҳои корам барои парваришу истеҳсоли навъҳои махсуси сабзавот, меваҳои субтропикӣ, ангур, ситрусӣ, зироатҳои эфирӣ ва маҳсулоти чорводорӣ, ҳамзамон, афзунсозии истеҳсоли нахи пахта имконияти хуб дорад. Барои ба даст овардани пешравии истеҳсолот талабот ва зарурати истифодаи самараноки захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ дар системаи хоҷагиҳои минтақаи водии вилоят ба вуҷуд омадааст. Ин, асосан, имконпазир аст, агар заминаи моддию техникӣ бо татбиқи фаъолияти мушаххаси рушди истеҳсолоти кишоварзӣ пайваст бошад. Ғайр аз ин, бояд барои ҷойгиршавии зироатҳо, азхудкунии заминҳои нав барои истеҳсолот ва таъмини онҳо бо об, нуриҳои минералӣ ва технологияи инноватсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Иҷрои чунин мақсадҳо ба баланд бардоштани ҳосилнокии замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар гектар замини кишоварзӣ ва ба даст овардани фоидаи калон мусоидат мекунад.
Дар системаи хоҷагиҳои деҳоти вилоят, ки иборат аз маҳалҳои алоҳидаи дорои иқлими мусоид барои парвариши зироатҳои кишоварзист, вусъат додани корҳои мубориза бар зидди эрозияи хоки заминҳо ва беҳбудии самаранокии он серманфиат аст. Ғайр аз таъсири тағйирёбии иқлим хуб ба ҷо наовардани корҳои агротехникии истифодаи замин дар солҳои охир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот таъсир расондааст. Сабаби ин, асосан, дар он аст, ки давоми 20 - 25 соли охир дар як қитъаи обёришаванда ё обёринашавандаи замин аксаран як зироат парвариш мешавад. Яъне зарурати таҳқиқи амиқи заминҳои аз ҷиҳати хусусиятҳои табиӣ ва иқтисодӣ, махсусан дар минтақаи Вахш, ба миён омадааст. Минтақа 8,8 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ишғол менамояд ва 88,8 дарсади навъҳои нахи пахта ва 40 дарсади маҳсулоти умумии кишоварзиро истеҳсол мекунад. Бинобар ин, таҳқиқ ва арзёбии потенсиали рушди системаи кишоварзӣ дар вилоят хеле муҳим аст. Дар шароити иқлими ин водӣ дар як сол то ду - се ҳосили зироат гирифтан мумкин аст, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Қубодиён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритуз, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Фархор ва Сарбанд.
Бо ин мақсад муҳим аст, ки пеш аз ҳама, ҷойгиршавии рустаниҳо аз рӯйи мутобиқат ба шароити иқлими маҳал ва дар асоси самаранокии иқтисодӣ ба роҳ монда шавад. Таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба барқарорсозии ҳосилхезӣ ва тартиб додани нақшаи истифодаи дурусти замин ва такмили таҷрибаи агротехникӣ равона гардад. Истифодаи оқилонаи ҳар як гектар замини кишт, дуруст ҷо ба ҷо кардани зироатҳои асосии кишоварзӣ, таъминот бо тухмии хушсифат ва навъҳои барвақтӣ, ташкили системаи самараноки ирригатсионӣ аз тадбирҳои муҳимеанд, ки бояд сари вақт роҳандозӣ шаванд.
Густариш ва рушди хоҷагиҳо ба таҳияи дурнамои сохтори дахлдори бахши кишоварзӣ, ҳамоҳангсозии иқтисодиёт ва рушди минбаъдаи комплекси агросаноатӣ иртибот дорад. Айни ҳол рушди комплекси агросаноатӣ ҳамчун яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф шудааст. Аз ин лиҳоз, ташаккули истеҳсолоти самараноки рақобатпазири  агросаноатӣ, ки ба амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад,  таъмини ҳамгироӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бозори озуқаворӣ, ғайр аз ин, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳот ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ дар деҳот аз нуктаҳои асосии сиёсати аграрии кишваранд.
Фаррух АБДУВОСИЕВ,
ходими пешбари илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи
Академияи илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.05.2019    №: 94    Мутолиа карданд: 1111
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед