logo

иқтисод

 "УРМЕТАН. КИШОВАРЗОН ДУ ҲОСИЛ МЕГИРАНД, АГАР…"

 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ташкили комиссияи махсус дар ҳайати муовини якуми раиси ноҳия Суҳроб Раҳматзода, сардорони  бахшҳои беҳдошти замин ва обёрӣ Зулфон Шаҳобов,  кишоварзӣ Ф. Эров ва  саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии мавзеи Урметан матлаби рӯзноманигор Ташрифулло Саъдуллоевро зери унвони  «Урметан. Кишоварзон ду ҳосил мегиранд, агар…», ки 18 апрели соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 74 (23 677) нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар он сухан бобати нарасидани оби полизӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Мадм», «Урметан»  ва «Лангар» меравад. Пойгоҳҳои обкашии «Устообид 1» ва «Устообид 2» дар ҷойҳои номувофиқ сохта шуда, қубурҳои иншоот мутаносибан дар баландии 90 ва 70 метр кашида шудаанд, ки ин ҳолат интиқоли обро аз дарё ба қитъаи даркории замин мушкил месозад. Инчунин, хатҳои барқ аз зеристгоҳ то пойгоҳҳои обкашӣ аз масофаи дур оварда шудаанд, аз ин сабаб шиддатнокии барқ пайваста тағйир ёфта, сабаби зуд – зуд аз кор мондани муҳаррикҳо мегардад.
Гузашта аз ин, пойгоҳҳои обкашии «Устообид» аз се силсила иборат буда, бо технологияи серхарҷи аҳди шӯравӣ бунёд шудаанд ва барқи зиёд сарф менамоянд. Ин боиси харҷи бисёр мегардад. Тибқи хулосаи мутахассисон, истифодаи пойгоҳҳои обкашии «Устообид» бо технологияи кунунӣ ғайриимкон буда, аз назари иқтисодӣ манфиатовар нест.
Ҳамзамон, масъулони соҳа бо мақсади бо оби полизӣ таъмин намудани даштҳои Амсо, Айн ва Устообиди ноҳия бо мутасаддиёни лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» ҷиҳати ҳалли муаммои ҷойдошта корбарӣ намуда истодаанд. Мутасаддиёни лоиҳа ва  масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия ба хулоса омаданд, ки аз сойи Мадм то мавзеъҳои болозикр тариқи лӯлаҳои қутрашон 500 мм оби полизӣ оваранд. Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
 
Суҳроб  РАҲМАТЗОДА,
муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.05.2019    №: 96    Мутолиа карданд: 750
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед