ҳуқуқ
ТЕРРОРИЗМ. БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо - Тоҷикистон танҳо бо як мақсади асосӣ: некуаҳолии кишвар ва сулҳи пойдор дар азму субот аст. Вале инро душманони дохилӣ дар зери сояи душманони хориҷии мамлакатамон ҳамеша зери назорат доранд ва доимо норасоиҳои ҳамаи соҳаҳои ҷамъияти ороми моро мекобанд. Мабодо, агар ба норасоӣ монандашро ёбанд, табли шодӣ зада, ба хоҷагони беинсофашон хабар медиҳанд.
Ҳадафҳои асосии Сарвари мамлакатамон ба футур расондани ақидаҳои вайронкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҷамъияти муосир бегона мебошад. Халқи тоҷик дар амал татбиқкунандагони ҳадафҳои Пешвои миллатамон ҳастанд. Барои ҳамин душманони миллат дар зери пардаҳои фисқу фасоди худ оғушта гардида, наметавонанд, ки чӣ тавр ба Тоҷикистони сулҳпарвар халал расонанд ва сабабгори нооромии мамлакат гардида, худ тамошобинони бевиҷдон шаванд.
Душманони миллати тоҷик бо ҳар воситаву баҳона халқи тоҷикро бо кирдорҳои ҷоҳилонаи худ шарик карданианд, вале тири онҳо ба нишон нарасида истодааст.
Аъзоёни ТТЭ ва ҲНИ ташкилкунандагони ваҳшониятҳо нисбат ба инсон дар солҳои охиранд. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ онҳо ба мақсадҳои бадашон намерасанд. Ин гурӯҳ ҳамеша барои аз байн бурдани сулҳи устувор дар Сайёра ва муҳофизати манфиати геополитикии бегонагон мебошанд. Ба ин мақсад ҷавононро гумроҳ намуда, ба ташкили гирдиҳамоӣ ва корҳои номатлуб ташвиқу тарғиб мекунанд. Дар айни замон шумораи гумроҳгардидагон коҳиш ёфтааст.
Терроризм ва экстремизм на ташкили ҷиноятҳои сабукро, балки ҷиноятҳои вазнинро бар зиммаи худ дорад. Ин зуҳуротҳо дар қатори худ ифротгароиро воситаи асосии вайронкунии фазои ороми кишварҳо шуморида, падидаҳои манфур ва хавфноки глобалӣ ба шумор мераванд.
Ҷавонони қарни 21 - ро мо - омӯзгорон дар рӯҳияи хуб дарк намудани волоияти забон, фарҳанг, илм, дин ва маданияти ҷаҳоншумуламон тарбия менамоем. Намегузорем, ки онҳо ба доми душманони миллат, ки номи падидаҳои манфӣ дар ҷомеаи муосирро сазовор гардидааст, афтанд.
Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.05.2019 №: 96 Мутолиа карданд: 759