ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
ПОРА ИН НАВБАТ МАЙОРИ ХИЗМАТИ
ДОХИЛАРО БА ТОЛОРИ СУД БУРД
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Алишер Алибоев, муовини сардор оид ба ҳайати шахсии Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/5 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, майори хизмати дохила Алишер Алибоев барои гирифтани пора (моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Ӯ аз шаҳрванд «А» барои аз Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/5 ба муассисаи ислоҳӣ нагузарондани маҳкумшуда «Б» 8000 сомонӣ талаб намудааст.
Моҳи феврали соли ҷорӣ Алишер Алибоев ҳангоми гирифтани маблағи мазкур ба сифати пора дар ҳудуди шаҳри Истаравшан дастгир гардид.
АВБОШӢ. СУД АБДУМУТОЛИБРО 5 СОЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ КАРД
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ аз ҳабси нафаре хабар дод, ки дар содир намудани авбошӣ айбдор шуд.
Абдумутолиб Абдураҳмонов барои лату кӯби шаҳрвандон Маъруфа Амонова ва Зарифа Рӯзиева дар ҳузури ом бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Маҳкумшуда ин амали ҷинояткоронаро аз ҳиссиёти авбошӣ дар шафати бинои «Илҳомбонк», воқеъ дар маркази шаҳри Ҳисор, анҷом додааст, ки дар натиҷаи он Маъруфа Амонова ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Ба ин амали Абдумутолиб Абдураҳмонов тибқи муқаррароти моддаи 237 қисми 3 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
МАРДУМФИРЕБӢ. БОЗДОШТИ РИШВАСИТОНЕ, КИ ШАҲРВАНДОНРО ГУМРОҲ НАМУДААСТ
Кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Мастчоҳ бар асоси муроҷиати як гурӯҳ шаҳрвандон нафареро боздошт намудаанд, ки даст ба фиреби мардум зада, ба онҳо зарари молиявӣ расондааст.
Тибқи иттилои ВКД, Мунаввар Пирӯзов бо ваъдаи дохил намудан ба муассисаҳои олии мамлакат аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ ба даст оварда, барои эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Аз ҷумла, давоми солҳои 2017 - 2018 бо ваъдаи бе монеа дохил намудани довталабон ба муассисаҳои олӣ аз сокинони ноҳияи Мастчоҳ ва Зафаробод аз 3500 то 14500 сомонӣ гирифтааст.
Ҳоло нисбат ба ӯ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2019 №: 97 Мутолиа карданд: 760