ҳуқуқ
ТАЪМИНИ АМНИЯТ.
БО МАҚОМОТ ДАР ҲАМКОРӢ БОШЕМ!
Тайи солҳои ахир хатари терроризму экстремизм беш аз пеш доман паҳн менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз хавфи афзояндаи онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳову суханрониҳояшон пайваста изҳори андеша намуда, аз ҳамагон даъват ба амал меоваранд, ки бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда шавад. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2018) ба ин масъала дахл карда, иброз доштанд: «Дар паёмҳои қаблӣ ва дигар суханрониҳо ман андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст». Бо баёни ин матлаб, Сарвари давлат бори дигар таъкид сохтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бо ин таҳдидҳо тақвият бахшанд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, дар баробари дигар ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Махсусан, барои фаҳмондани оқибатҳои ногувори терроризму экстремизм бо сокинони ноҳия, инчунин, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии дар ҳудуди ноҳиябуда, мунтазам вохӯриҳову мулоқотҳо гузаронда мешаванд. Зимни онҳо, диққати асосӣ ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, омӯхтани касбу ҳунар, сайқал додани савияи дониш, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва гузаштагони пурифтихори халқи тоҷик дода мешавад. Зеро шахсе, ки соҳибмаърифату бофарҳанг аст, ҳаргиз ба доми фиреби нафарони ақидаҳои ифротгароидошта нахоҳад афтид. Боиси зикр аст, ки дар ин вохӯриҳо намояндагони дин низ ҷалб мегарданд ва онҳо бо мисолҳо аз Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва панду андарзҳои ниёгон ба иштирокдорон моҳияти дини мубини исломро мефаҳмонанд. Чунки ҷавҳари дини ислом на зӯроварӣ, балки таҳаммулпазириву накукорӣ ва покизагиву росткорист ва ҳар касе аз ин маънӣ бархӯрдор бошад, ҳеч гоҳ фирефтаи тазвири риёкорон нахоҳад шуд.
Прокуратураи ноҳияи Сино корро дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб беш аз пеш тақвият мебахшад, зеро таъмини амният ва оромиву осудагии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратӣ ба ҳисоб меравад. Ва дар ин ҷода аз ҷониби кормандони прокуратура тамоми чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд, то ки дар ҷомеа волоияти қонун ва суботу оромӣ ҳукмфармо бошад.
Акмал АЗАМЗОДА,
ёрдамчии прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2019 №: 97 Мутолиа карданд: 756