иқтисод
ҚОНУНГУЗОРӢ
ИСТИФОДАИ ОБРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД
Бо мақсади тақвият бахшидан ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об, мутобиқгардонии он ба қонунгузорӣ аз байн бардоштани ихтилофот ва номуайянӣ дар муносибатҳо байни субъектони соҳа, танзими масъалаҳо вобаста ба пардохти маблағҳои узвият, нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари шабакаҳои дохили хоҷагӣ, танзим ва дастгирии соҳа аз тарафи давлат вакилони Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» - ро дар таҳрири нав ба тасвиб расонданд
Раҳмон Холмурод, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии он иброз намуд, ки соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мавқеи хоса дорад. Бино ба гуфти ӯ, дар раванди таҷдиди сохтори хоҷагиҳои кишоварзии калонҳаҷм ҳоло 180 ҳазор хоҷагии хурду миёнаи деҳқонӣ ташкил гардидааст. Дар баробари ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ як қатор проблемаҳо дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ба вуҷуд омаданд, ки барои истифодаи босамари иншооти гидротехникӣ ва захираҳои об таъсири худро расонда истодаанд.
- Таҳлили иҷрои вазифаҳо аз ҷониби ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об оид ба таъмини истифодаи сарфакоронаи об ва иншооти гидротехникӣ, муносибатҳои байни аъзо ва дигар истифодабарандагони об, танзими давлатӣ, пардохти ҳаққи узвият, хидмати обрасонӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб зарурати такмили заминаи ҳуқуқии фаъолияти онро ба миён овард, - иброз дошт директори агентӣ.
Қонуни мазкур, дар маҷмӯъ, ҳамаи асосҳои ҳуқуқи ташкилӣ ва ҳуқуқи фаъолияти истифодабарандагони обро дар бар гирифтааст. Дар ҳуқуқу уҳдадориҳои дигар истифодабарандагони об, танзими давлатии фаъолияти комиссия оид ба ҳалли баҳсҳо, ташкили мақоми иҷроияи мудирияти он, моликият, воситаҳои молиявӣ, таъсиси Иттифоқи ассотсиатсияи истифодабарандагони об ва дигар масъалаҳо мушаххас баён гардиданд, ки дар қонуни амалкунанда онҳо пешбинӣ нагардида буданд.
Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии қонун гуфт, ки азбаски то имрӯз миёни истифодабарандагони об ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шартномаи муайян ё муносибати хуб вуҷуд надошт, қарзи ин ниҳод аз барқ ба 136 миллион ва аз ҳисоби истифодаи об ба 121 миллион сомонӣ расидааст.
Мавсуф афзуд, ки дар лоиҳаи мазкур вазифаву уҳдадории ассотсиатсияҳо дар назди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳамчунин, бастани шартнома дар мавриди пардохти ҳаққи хизматрасониҳо аз ҷониби кишоварзон ва нигоҳдориву истифодаи босамари шабакаҳои дохили хоҷагӣ дақиқ шуд, ки минбаъд барои фаъолияти босамари ассотсиатсияҳо муҳим аст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2019 №: 97 Мутолиа карданд: 820