мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МИРОСЛАВ ЛАЙЧАК
21 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчакро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Словакия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, хусусан дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва варзишу сайёҳӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Словакия дар ин соҳаҳо омодагию ҳавасмандии худро таъкид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот аз ҳавасмандии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи муносибатҳои шарикӣ бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки имрӯз бояд ин созмон барои таъмини амнияту субот қарорҳои муҳим қабул намуда, тадбирҳои бетаъхир андешад.
Баргузории конфронси сатҳи баланд дар масъалаи терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Душанбе аз тадбирҳои муҳими байналмилалӣ дар мубориза бо ин вабои аср арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои ин конфронс дар оянда барои таъмини амнияту субот дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар самтҳои асосӣ, аз ҷумла ҳарбӣ - сиёсӣ ва иқтисодию экологӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода мешавад.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамаи давлатҳои ҷаҳон дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилу фаромиллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои ҳалли мушкилоти имрӯзи сайёра аз сиёсати «меъёрҳои дугона» кор намегиранд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.05.2019 №: 97 Мутолиа карданд: 4943