мулоқотҳо
САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба шаҳри Нур - Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
28 май муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Нур - Султон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом доданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона доир гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди ҷараёни рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ нақши хоссаи нахустин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар ин раванд махсус зикр карданд.
Зимнан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози итминон намуданд, ки ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қазоқистонро ба зинаҳои нав хоҳанд баровард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.05.2019 №: 102 Мутолиа карданд: 5267