ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ЗАМИНФУРӮШӢ
Қиёмуддинро 11 сол
паси панҷара бурд
Суди шаҳри Душанбе шаҳрванд Қиёмуддин Юнусовро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ (моддаи 247) ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин (моддаи 3381) гунаҳкор дониста, 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми суд ӯ муҳлати адои ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, Қиёмуддин Юнусов соли 2018 бо шаҳрванд Хисрав Амиров шинос шуда, аз рӯи нақшаи бо ҳаммаслакаш - Дилором Сайфулаева тарҳрезишуда ӯро бовар кунондааст, ки бар ивази 3000 доллари ИМА метавонад, аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе барояш 0,03 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо намояд.
Маҳкумшуда барои ба даст овардани боварӣ шиносномаи Х. Амировро гирифта, ба воситаи Д. Сайфулаева дар хусуси ҷудо намудани қитъаи замин қарори қалбакӣ дода, аз ӯ 17800 сомонӣ мегирад. Номбурда бар ивази ду қарори қалбакии дигар, аз ҷумла дар бораи иҷозати сохтмон аз Х. Амиров 9450 сомонии дигар гирифта, дар маҷмӯъ ба ӯ 27250 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расондааст.
Қ. Юнусов бо ҳамин тартиб, инчунин, шаҳрвандон Руҳулло Шоев, Маҳмадуллои Сунатулло, Қудратулло Ниёзов ва Аъзамҷон Абдураимовро фирефта, аз онҳо маблағҳои калони пулӣ гирифтааст.
КУШТОР
Гумонбар боздошт гардид
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти як сокини ноҳияи Мастчоҳ хабар дод, ки дар қатли бародараш гумонбар мешавад.
Сомонаи ВКД бо нашри ин хабар менависад, ки «23 май марди 37 - солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, раиси хоҷагии деҳқонии “Мирзоодил”, дар заминҳои хоҷагии деҳқонии мазкур, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ бо бародараш - марди 28 - сола муноқиша карда, якдигарро лату кӯб намудаанд». Гумонбар дар идомаи муноқиша бародарашро бо зарби корд сахт маҷрӯҳ месозад, ки дар натиҷаи ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳоло нисбат ба дастгиршуда бо моддаи 104 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
ТАНЗИМ
Директори мактаб 27500 сомонӣ ҷарима шуд
Бо қарори суди ноҳияи Шаҳринав Аминҷон Розиқов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49 - и ҳамин ноҳия, барои риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба андозаи 500 нишондиҳанда, баробар ба 27500 сомонӣ ҷарима шуд.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, Аминҷон Розиқов дар риоя накардани талаботи моддаи 14 қисми 3 - и қонуни мавриди назар айбдор мешавад. Ин модда давомнокии тӯю маъракаҳоро то се соат муқаррар кардааст. Аммо директори мактаб ба талаботи қонун нигоҳ накарда, 8 марти соли ҷорӣ тӯйи домодии фарзандашро зиёда аз се соат - аз соати 9:00 то 12:00 ва аз соати 18:00 то 21:00 гузарондааст, ки оқибат ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.05.2019 №: 102 Мутолиа карданд: 978