logo

иқтисод

ҲАМ АРШУ ҲАМ ФАРШ

Вақте ба 1,2 миллион расидани саршумори гови ҷӯшоиро мефаҳмӣ, беихтиёр фермаҳои замонавии чорводорӣ, дарёҳои «сафед», анвои сершумори маҳсулоти ширии мағозаҳои шаҳру деҳот пеши назар меоянд. Барои Тоҷикистони мо, ки ҳамагӣ 9 миллион аҳолӣ дорад, ин миқдор бояд маънои бениёзии мардумро аз маҳсулоти соҳаи чорводорӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, бовар кардан душвор аст, ки бо чунин дороию имконият эҳтиёҷи аҳолӣ ба маҳсулоти ширӣ ҳатто нисф қонеъ гардонда намешавад.

РАВҒАНИ МАСКА ТУХМИ АНҚО ШУДА…
Миқдори тавсиявии истеъмоли маҳсулоти ширӣ дар асоси тадқиқоти Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Ғизо» барои ҳар сокини мамлакат дар як сол 219,3 килограммро ташкил медиҳад. Аммо, аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки истеъмоли воқеии маҳсулоти ширӣ ба сари аҳолӣ  айни замон дар як сол каме беш аз 67, 2 килограмм мебошад. Ва ин дар ҳолест, ки теъдоди модагов дар мамлакат аз 1,2 миллион сар гузаштааст. Бо чунин саршумори ҳангуфт мо бояд дар ширу қаймоқу ҷурғоту маска «ғарқ» мешудем. Аммо… Дар маҷмӯъ, эҳтиёҷоти аҳолӣ соле қариб 2 миллион тонна ширро ташкил медиҳад. Бино ба ҳисоботи Вазорати кишоварзӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 983053 тонна шир истеҳсол шудааст, ки ҳатто нисфи талаботро таъмин намесозад. Агар шаҳрҳои калонро истисно кунем, дар шаҳру ноҳияҳо, хоса деҳот истеҳсоли маҳсулоти ширӣ комилан ғайрикофист. Дар деҳот қаблан қариб ҳар хонавода гови ҷӯшоӣ дошту ширу қаймоқу маска арзонӣ буд. Ҳоло ҳам гов доранд, аммо ҳатто равғани маска «дефитсит» шудааст. Кор ба дараҷае расида, ки мардуми деҳот аз шаҳр маҳсулоти ширӣ мехарад.

ЧАРО ИСЛОҲОТ НАТИҶАИ МУСБАТ НАДОД?
Масъулони соҳаи кишоварзии кишвар бо таъкиди аз як миллион гузаштани  саршумори говҳои ширдеҳ исбот карданӣ мешаванд, ки соҳаи чорводорӣ дар ҷараёни рушд қарор дорад. Агар дар баробари саршумор истеҳсоли маҳсулот ҳам меафзуд, ин андеша қобили қабул буд.  Доир ба сабабҳои вазъи ташвишовари баамаломада фикру ақидаҳои дигар ҳам ҳастанд. Аз ҷумла, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Тӯйчӣ Рӯзизода мегӯяд, ки қаблан  саршумори чорво мисли имрӯза зиёд набуд, вале дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар фермаҳои чорводорӣ вуҷуд дошт ва онҳо сокинонро бо маҳсулоти баландсифати ширӣ таъмин менамуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ховалинг, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвон хоҷагиҳои пешқадами зотпарварӣ фаъолият мекарданд. Ҳоло дар ин маҳалҳо фермаю хоҷагиҳои муосир вуҷуд надоранд. Дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи чорводорӣ ин ҳама иншооту чорво хусусӣ гардонда шуд ва оқибат талаву тороҷ гардид.
- Ҳоло беш аз 90 дарсади чорвои мавҷуда дар дасти аҳолист, - шарҳ медиҳад Рӯзизода. - Мутаассифона, аксар мардум доир ба парвариш ва истифодаи самараноки говҳои хушзот тасаввурот  надоранд ва  қоидаҳои зооветеринарӣ, хусусан  парваришу нигоҳубини говҳои ҷӯшоӣ,  дуруст риоя намегарданд. Бинобар ин, маҳсулнокӣ ниҳоят паст шуд.  Агар  аз ҷиҳати саршумор мо ба арш расида бошем, дар масъалаи истеҳсоли шир ба фарш афтодаем, - афзуд Т. Рӯзизода.
Сиҷоуддин Исроилов, мушовири илмии Муассисаи давлатии «Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» низ он нуктаро таъкид мекунад, ки аксари фермаҳои чорводорӣ баъди хусусӣ гардондан, бинобар беназоратию бемасъулиятӣ, дер напоиданд. Буҳрони соҳаро норасоии хӯроки сершира, омехта, доруворӣ шиддат бахшид. Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва рушди истеҳсолоти соҳа  хоҷагиҳои зотпарварии давлатиро таҷдид намуд.  Ҳадаф аз ин иқдоми Ҳукумат таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди инноватсионии соҳа буд. Аммо, аксари фермаҳои чорводорӣ баъди хусусӣ гардидан, тороҷ шуда, молу иншооти онҳо аз байн рафт.  Ин ҳолат боиси  беназоратию бепарвоӣ нисбат ба парвариши чорвои зотӣ, хӯроку дорувории онҳо ва чарогоҳҳо гардид.

“ГОВИ ЗОТИ ТОҶИКӢ ТО 7 ҲАЗОР ЛИТР ШИР МЕДИҲАД”
- Вазъи ногувори кунунӣ водор месозад, ки  ба сифати чорво авлавият дода, ба ҷои чанд сар гови каммаҳсул як гови зотии сершир парварем.  Дар ин ҷода ташкили фермаҳои махсус, амсоли  хоҷагиҳои  «Баракат»  -  и  шаҳри Ҳисор, «Умед» - и  ноҳияи  Рӯдакӣ,  «Саодат» - и ноҳияи Хуросон, “Мадина - 1” – и ноҳияи Ёвон,  ки айни замон аз хоҷагиҳои намунавии чорвопарваранд,  яке аз роҳҳои ҳалли масъала мебошад, - мутмаин аст Сиҷоуддин Исроилов.
Директори Институти чорводорӣ Файзулло Амиршоев зимни баррасии масъала диққатро ба паҳлуи дигари он мутаваҷҷеҳ намуд.
- Бинобар дар дасти аҳолӣ будани аксарияти кулли чорво тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба  фоидаи чорвои хушзот, истифодаи хӯроки омехта, риояи талаботи зооветеринарӣ муҳим мебошад.  Ҳамзамон, мо - олимони соҳаро он чиз ба ташвиши ҷиддӣ овардааст, ки баъзе ба ном чорводорон  ба хотири манфиати шахсӣ нутфаҳои чорвои зоти бегонаро аз хориҷ ворид сохта истодаанд, ки ба маҳвшавии говҳои зоти тоҷикӣ оварда мерасонанд. Ин амали нораво аз ҷониби масъулони соҳа бояд ҳатман пешгирӣ гардад.
Воқеан, солҳои пеш дар фермаҳои чорводорӣ аз ҳар сар гов соле  2600 – 3000 литр шир мегирифтанд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ маҳсулнокӣ 1336 литрро ташкил дод, яъне ду баробар кам шудааст. Ин ҷо чун шарҳи вазъият боз гуфтаи муаллифи гови зоти сиёҳалои тоҷикӣ Рӯзизодаро овардан мебояд: “Говҳои зоти мазкур дар шароити мусоид соле то 7 ҳазор литр шир медиҳанд. Ба ҳисоби миёна аз онҳо бемалол 4,5 - 5 ҳазор литр шир гирифтан мумкин аст. Мутаассифона, имрӯз аз саршумори умумии чорвои ҷумҳурӣ онҳо ҳамагӣ 7 дарсадро ташкил медиҳанд. Боқӣ ҳама говҳои ҷӯшоии каммаҳсул. Чорвои зотӣ, асосан, дар чанд фермаи нав парвариш ва истифода мешавад, ки дар ду - се соли охир ташкил ёфтаанд”.

ИСЛОҲОТИ ДИГАРЕ БОЯД
Чуноне аз далелҳои болоӣ бармеояд, ислоҳоти дар соҳа гузаронда боиси на ривоҷи чорводорӣ, балки таназзули он гардид. Албатта, агар саршуморро истисно кунем, ки он нишондиҳандаи асосӣ наметавонад, ҳисоб шавад. Аз ҳама ташвишовар хатари воқеии аз байн рафтани гови алобулои тоҷикист, ки воқеан ангуштшумор мондааст. Аз 400 ҳазор сар гови дӯшоии мавҷуда ҳамагӣ қариб 28 ҳазор сараш зоти сермаҳсули тоҷикист, ки бо муносибати саҳлангоронаи кунунӣ ҳамон ҳам солҳои наздик хатари аз байн рафтан дорад.
Дар сурати зиёд кардани саршумори он истеҳсоли ширро дар кишвар 3 - 3, 5 маротиба боло бурдан, яъне соле се – сею ним миллион тонна шир истеҳсол кардан имкон дорад. Албатта, ин кори як ё ду сол нест. Ғайр аз зиёд кардани саршумори чорвои сермаҳсул масъалаи дастрасӣ ба хӯроки омехта аз мушкилоти соҳа шудааст. Чун “шири гов дар даҳонаш” мегӯянд, ба он танҳо коҳу бедаи камғизо дода, ба шири бисёр умед бастан хомхаёлист. Дар талу теппаҳо алафро дарав намуда,  ҳамон ҷо зери офтоби тобистон мехушконанд. Баъд кашонда дар боми хонаю оғилҳо ғарам мекунанд. Гумон аст, ки дар чунин алаф ягон ғизои барои чорво зарурӣ боқӣ монад. Дар давлатҳои хориҷа, ки аз як гови ҷӯшоӣ  соле 10 – 15 ҳазор литр шир мегиранд, баробари  парваришу нигоҳубини хуб то 50 номгӯй унсурҳои кимиёӣ вояи хӯроки онро ғанӣ месозад. Мо дар асри XXI ҳам чорворо танҳо бо беда фирефтанӣ мешавем...
Барои рафъи буҳрони соҳа ба Вазорати кишоварзӣ зарур аст, ки, пеш аз ҳама, бо дастгирии воқеии Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзӣ аз пайи нигоҳ доштан ва аз нав афзун кардани саршумори чорвои зоти тоҷикӣ шавад. Шояд бо назардошти амнияти озуқаворӣ дар кишвар эҳёи дубораи фермаю хоҷагиҳои чорводории давлатӣ зарур бошад. Ғайр аз ин, бояд тадбирҳои ҳавасмандсозӣ андешида шаванд, то ки соҳибкорони тоҷик ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво манфиатдор гарданд. Тоҷикистон барои чун Беларус ба “кишвари шир” табдил ёфтан, пурра имконият дорад. Танҳо дар масъалаи истеҳсол низ аз фарш ба арш бояд ҷаҳид.  
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2019    №: 103    Мутолиа карданд: 1194
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед