ҳуқуқ
МАДАДГОРИ МУДОФИА. ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИЕ, КИ ИҚТИДОРИ АРТИШРО МЕАФЗОЯД
- Ҳамасола 40 дарсади нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ аз ҳисоби дастпарварони Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. Барои омӯзиши даъватшавандаҳо тамоми шароитҳо, аз ҷумла силоҳ ва дигар техникаи зарурӣ пурра таъмин аст. Курсҳои омӯзишӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ҳоло ташкилоти мазкур ба неруи тавонои эҳтиётии Артиши миллӣ, мактаби мардонагиву ватанпарастӣ, боргоҳи омодасозии мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ - техникии варзиш табдил ёфта, дар тамоми ҷумҳурӣ ба инфрасохтори муҷаҳҳази моддӣ - таълимӣ ва ҳарбӣ - варзишӣ соҳиб гардидааст.
Ин матлабро Баҳром Рустамов, муовини раиси Кумитаи марказии ташкилоти фавқуззикр дар суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” баён дошт. Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо мақсади ягонаи ташкилот дар рӯҳияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ, далерию чолокӣ ва мардонагию ҳушёрии сиёсӣ тарбия намудани ҷавонони бонангу номуси миллат аст. Вазифаи асосии кормандони ташкилот на танҳо тайёр кардани мутахассисони варзида барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ба намудҳои гуногуни варзиши техникӣ ва ҳарбӣ - амалӣ фаро гирифтани ҷавонон, балки омода намудани аҳолии мамлакат ба ҳимояи марзу буми кишвар ва хоки муқаддаси Ватан мебошад.
Полковник Баҳром Рустамов мегӯяд, ки ин ниҳоди ҷамъиятӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасб намудааст. Ҷиҳати тайёрии тодаъватии ҷавонон бошад, маҷмӯи тадбирҳои тарғиботӣ ва ҳарбӣ - варзиширо амалӣ мекунад, ки моҳияти ватандӯстӣ доранд. «Имрӯз ташкилот ба неруи тавонои эҳтиётии Артиши миллӣ, мактаби мардонагиву ватанпарастӣ, боргоҳи омодасозии мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ - техникии варзиш табдил ёфта, дар тамоми ҷумҳурӣ ба инфрасохтори муҷаҳҳази моддӣ - таълимӣ ва ҳарбӣ - варзишӣ соҳиб гардидааст.
- Мактабҳои муттаҳидаи техникӣ ва автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа барои тайёр намудани мутахассисони низомӣ, махсус гардонда шудаанд. Афзалияти ин иқдом дар он аст, ки даъватшавандагон аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ соҳиби тахассус гашта, минбаъд онро ба нафъи артиш истифода мекунанд. Натиҷаҳои фаъолият дар ин самт собит мекунад, ки бо шарофати ин иқдом муассисаҳои таълимии ташкилот нақшаро сари вақт иҷро мекунанд. Айни ҳол, аз ҷониби роҳбарияти ташкилот вазифагузорӣ шудааст, ки сифати омодасозии мутахассисон барои эҳтиёҷоти артиш боз ҳам боло бардошта шуда, номгӯи ихтисосҳо аз рӯи зарурат ва сафарбарии воқеӣ ба хизмати ҳарбӣ муайян гарданд, - гуфт Баҳром Рустамов.
Дар самти тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимии тобеи ташкилот баланд бардоштани сифати таълим мавзӯи асосӣ ва ҳалкунанда аст. Зеро сифати баланди омодасозии мутахассисон барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, омили таъмини иқтидори мудофиавии Ватани маҳбубамон ба шумор меравад. Гузариш ба усули электронии омӯзиш дар муассисаҳои таълимии ташкилот аз нахустин қадамҳоест, ки дар ин роҳ гузошта шуд.
Ин шеваи таълим аз маҷмӯи дастгоҳҳои диҷитолӣ, аз қабили компютер, монитор, мултимедиапроектор, барномаи литсензияшудаи компютерӣ, дастгоҳи таълимии омӯзиши ронандагӣ ва дигар қисмҳои иловагӣ иборат буда, муассисаҳои таълимии ташкилот дар ҷорӣ намудани он собитқадамона пеш мераванд. Ин шароитҳои замонавии таълим ҷиҳати омодасозии мутахассисон барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳ ва хоҷагии халқ фароҳам гардидааст.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1927 таъсис ёфта, то ҳол ҳамчун созмони умедбахш, ҳомии воқеии Ватан, тарбиятгари мутахасисони ҳарбӣ ва мулкӣ шинохта мешавад.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.05.2019 №: 103 Мутолиа карданд: 873