иқтисод
ДАНҒАРА. НАТИҶАИ ЯК САНҶИШ
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Данғара дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор давоми чор моҳи соли равон дар бозорҳо, нуқтаҳои савдо ва коргоҳу корхонаҳо 68 санҷиши санитарию гигиенӣ гузаронда, маҳсулоти ғизоии ба саломатии одамон зарароварро ошкор намуд.
Дар рафти санҷиш аз ошхонаҳои дохили бозори марказӣ ашёи рӯзгоре, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Инчунин, ба маблағи 4648 сомонӣ 146 килограмм маҳсулоти муҳлатгузашта несту нобуд карда шуд.
- Аз санҷишҳо бармеояд, ки бархе соҳибкорону фурӯшандаҳо ба вазъи санитарию эпидемиологии молу маҳсулоти истеъмолӣ диққат намедиҳанд, - гуфт Бобоҷон Ғуломов, сардухтури марказ.
Дар ин давра мутахассисони марказ 127 соҳибкорро барои риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба маблағи 11 ҳазору 330 сомонӣ ҷарима бастанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.05.2019 №: 104 Мутолиа карданд: 1065