ҳуқуқ
"ТОҶИКСТАНДАРТ". 106 ТОННА ХУРМОИ ПАСТСИФАТ РЕЭКСПОРТ КАРДА ШУД
Дар натиҷаи санҷишҳои назоратии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») 106 тонна хурмои воридотии пастсифат ошкор гардида, дар доираи ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон реэкспорт карда шуд.
Тавре аз агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, маҳсулоти пастсифати аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ воридгардида аз рӯи сифату бехатарӣ ба талаботи регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ҷавобгӯ набуд ва сертификати мутобиқат надошт.
Бархе аз соҳибкорон барои ба даст овардани даромади бештар бар хилофи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва регламенти техникии «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта, пастсифат ва ба саломатии инсон хатарнокро ба ҷумҳурӣ ворид менамоянд.
Айни замон новобаста ба тақвияти чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳии мутахассисони агентӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, дар марказҳои савдо ва бозорҳо камбудию норасоиҳои зиёд мавҷуданд. Ислоҳи онҳо, пеш аз ҳама, ба масъулият ва фарҳангу маърифати соҳибкорону фурӯшандагон, ҳамчунин, роҳбарони бозорҳо вобастагӣ дорад.
Аз ҷониби дигар, истеъмолкунандагон низ бояд аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, дар вақти хариди маҳсулоти хӯрока ё молҳои дигари ниёзи мардум сараввал ба санаи истеҳсолу муҳлати истеъмол эътибор диҳанд ва дар ҳолати зарурӣ аз фурӯшанда сертификати мутобиқати сифати маҳсулотро талаб намоянд. Харидор ҳуқуқ дорад, ки дар вақти набудани сертификат маҳсулотро нахарад ё дар сурати вайрон гаштани ҳуқуқҳояш ба агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намояд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.06.2019 №: 110 Мутолиа карданд: 1033