мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АШРАФ ҒАНӢ
14 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон - шаҳри Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо роҳбари давлати дӯсту ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки мо барои барқароршавии сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили таъмини амнияти тамоми минтақа ҳавасманд мебошем.
Ҳамкории зич ва пайвастаи ниҳодҳои қудратию амниятии Тоҷикистону Афғонистон дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстонаву ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Афғонистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2019 №: 112 Мутолиа карданд: 5393