иқтисод
ЗАМИНҲОИ ДОМАНАКӮҲ ВА КӮҲИСТОН. ИМКОНИЯТИ ВАСЕЪ БАРОИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ
Афзоиши босуръати аҳолӣ ҳамеша хавфи норасоии маҳсулоти ғизоиро дар пай дорад. Дар шароити камзаминӣ, ки Тоҷикистон ба он мувоҷеҳ аст, ин мушкил бештар мешавад. Дар чунин вазъ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба кор ҷалб намудани сокинони маҳаллӣ роҳҳои асосии ҳалли масъала мебошанд.
Дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, ки вазъи демографӣ мураккаб аст, барои бо кори доимӣ таъмин намудани сокинон азхудкунии заминҳои бекорхобидаи доманакӯҳ ва кӯҳистон аҳамияти вижа дорад. Яъне, дар деҳот заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро мавриди истифода қарор додан ва боғу токпарвариро дар мавзеъҳои кӯҳистон ва доманакӯҳ ба роҳ мондан зарур аст. Зиёд намудани масоҳати заминҳои кишоварзӣ дар шароити кӯҳистон ва доманакӯҳ ба рушди истеҳсолот, равнақ ёфтани иқтисоди минтақа ва пешравии комплекси озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.
Айни ҳол яке аз сабабҳои боқӣ мондани мушкилӣ таҳия нашудани Консепсияи истифодаи самараноки замин дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ буда, ҳалли пурраи масъаларо сиёсати дурбинонаи истифодаи замин, ки ҳадафи он таъмини имконият ва шароити афзал барои пешрафт аст, низ тақозо мекунад. «Ба фардо» - и номуайян вогузор намудани ҳалли масъала оқибатҳои манфӣ дорад. Истифодаи дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва баҳрабардории босамар аз имконияту захираҳои минтақаҳои кӯҳистон боиси рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шуда метавонад. Дар ин самт мавқеи ҷуғрофии ҳар минтақа, аз ҷумла Рашт, Ҳисор, Кӯлоб, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аҳамияти муҳим доранд, чунки дорои неруи азиму беназири агросаноатӣ ва озуқаворӣ мебошанд. Як ҷиҳати афзали ин минтақаҳо намнокии қариб ҳамешагии заминҳост.
Барои ба ҳадаф ноил шудан, дар доираи комплекси озуқаворӣ беҳтар сохтани сохтори хоҷагиҳои кишоварзӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ дар доманакӯҳҳо ва кӯҳистон муҳим аст. Ин минтақаҳо, бо назардошти табиат ва иқлим, барои парвариши зироатҳои бисёрсола мувофиқанд. Барои афзоиши фонди озуқавории мамлакат бояд иқтидорҳои мавҷуда ва роҳҳои рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои номбурда муайян карда шаванд. Ҳамчунин, омӯзиши захираҳои замин ва хусусиятҳои иқлимию биологии қитъаҳои алоҳидаи он шарти муҳим аст, яъне тақозо карда мешавад, ки ҳангоми омӯзиш имконияту хусусиятҳои иқлимию биологӣ аз назар дур намонанд ва дурнамои ин мавзеъҳо дар асоси илм вобаста ба фаслҳои сол санҷида шавад.
Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар маҷмӯъ, барои мувофиқ ба талаботи меъёрҳои физиологӣ қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, беҳсозию густариши ҳамаи соҳаҳои агробизнес, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ шартҳои пешравианд. Ташкили механизми иқтисодии ҳавасмандгардонии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нав барои истеҳсолгарони ватанӣ шароит фароҳам меоварад, ки корхонаҳои нави саноатӣ таъсис ёбанд, соҳибкории хурду миёна рушд намояд ва, ба ин васила, сатҳи зиндагии мардум баланд гардад.
Фаррух AБДУВОСИЕВ, корманди
Институти демография ва иқтисоди
Академияи илмҳои Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2019 №: 112 Мутолиа карданд: 1041