мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ШРИ-ЛАНКА
13 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Майтрипала Сирисенаро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот натиҷаҳои аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар, ки соли 2017 сурат гирифта буд ва, инчунин, масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба сарзамини меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки, дар доираи сиёсати хориҷии кишвар, мо ба таҳкими равобити дӯстона бо давлатҳои минтақаи рушдёбандаи Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Шри - Ланка, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.
Дар мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, бофандагӣ, дорусозӣ, коркарди пашму пӯст, таъсиси корхонаҳои муштараки соҳаи истихроҷу коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, таҳияи лоиҳаҳои бузурги зерсохтори нақлиёт, рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки барои рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, аз ҷумла сиёсат, иқтисоду тиҷорат, ҷоннок кардани фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка, баргузории бизнес - форумҳо, таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри - Ланка, дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрӣ, истифодаи долонҳои транзитӣ, мусоидати бештар хоҳад кард.
Ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳо, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, инчунин, имзои лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, дар доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ масъалаи мубориза бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили тақвияти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддирро муҳокима карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.06.2019 №: 112 Мутолиа карданд: 5504