мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ШИКСИН ЧЕН
17 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору вохӯриро иқдоми муҳим дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд маънидод карданд.
Ҷонибҳо барои рушди соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таҳкими ҳамкориро дар доираи зербарномаи сеюми “Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ” зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ Бонки осиёии рушд наздики 1,8 миллиард доллари амрикоиро ҳамчун қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ ҷудо кардааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон равона гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди шаҳрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди бахши хусусӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ ва пешрафти ҳамкории минтақавӣ, таҷдиду сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда, хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан, амнияти озуқаворӣ, зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноку стратегии Тоҷикистон, аз қабили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.06.2019 №: 114 Мутолиа карданд: 5504