ҳуқуқ
ГУМРОҲӢ. БОЗ ЯК МУБАЛЛИҒИ "ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ" ҲАБС ШУД
Бо вуҷуди он ки бисёре аз гумроҳшудаҳо хатои худро дарк карда, аз Сурияву Ироқ баргаштаанд, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳастанд ашхосе, ки ба доми фиреби аъзои гурӯҳи террористӣ - экстремистии «Давлати исломӣ» афтода, худро қурбон, фарзандонашонро ятим, падару модар ва хешу таборро дар назди ҷомеа сархам месозанд.
Тоҷиддин Носиров, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, аз ҷумлаи чунин шахсони гумроҳ аст, ки зимни дар хориҷи кишвар қарор доштанаш бо аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии «Давлати исломӣ» Дилшодҷон Сатторов шинос шуда, тавассути ӯ ба гурӯҳи ифротгароён мепайвандад. Д. Сатторов бо мақсади ҷалби Тоҷиддин ба «Давлати исломӣ» ӯро барои тамошои наворҳои аъзои ин ташкилот ва гӯш кардани дарсҳои ақидавӣ дар барномаи иҷтимоии «ZELLO» - гурӯҳҳои «Роҳнамо ба сӯи Хилофати исломӣ», «Новый Таджикис-тан 2» ва «Политика и религия» даъват менамояд.
Тоҷиддин Носиров зери тарғиботи Дилшод қарор гирифта, мунтаҳо бо истифода аз телефони мобилии худ ба барномаи интернетии «ZELLO» дастрасӣ пайдо мекунад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ худро бо номҳои мустаори «Абу Умар» ва «Абу Ҷулайби» ба қайд гирифта, аз барномаҳои «Роҳнамо ба сӯи Хилофати исломӣ», «Новый Таджикистан 2» ва “Политика и религия» пайваста «дарси ақидавӣ» гирифтааст.
Ҳамин тариқ, Тоҷиддин Носиров баъди гӯш кардани “амри маъруфҳо” ва аз худ кардани мақсад ва ғояҳои “Давлати исломӣ” бо мақсади ба пуррагӣ иштирок кардан дар фаъолияти ин ташкилоти террористӣ ба номи Халифаи «Давлати исломӣ» Абубакр ал - Бағдодӣ байъат бо чунин матн қабул намудааст: «Ман Носиров Тоҷиддин Насридинович, байъат мекунам ба «Абубакри Бағдодӣ-ал-Ҳусайнӣ-ал-Қурайшӣ», ки то дами марг амри аз ҷониби ӯ додашударо иҷро кунам, то вақте ки ба куфр даъват накунад». Тоҷиддин Носиров моҳи ноябри соли 2017 аз Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар шаҳри Ваҳдат ба ҷалби шахсони дигар барои аъзогӣ ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” оғоз мекунад.
Хушбахтона, ӯ ба мақсадҳои нопоки худ ноил нашуда, рӯзи 21 феврали соли 2019 ҳангоми гузарондани корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дастгир гардид. Ҳангоми тафтишот аз хотираи телефони мобилии ӯ наворҳо, аксҳои мансуб ба «Давлати исломӣ» ва суҳабтҳо бо аъзои «Давлати исломӣ» дар барномаи иҷтимоии «ZELLO» ёфт шуд.
Мавсуф ба гуноҳи худ иқрор шуда, қайд кард, ки аз сабаби надонистани рукнҳои дини ислом ба суханҳои аъзои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» бовар карда, даст ба ҷиноят задааст.
Баъди баррасии парванда гунаҳкории Тоҷиддин Носиров бар пояи моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) пурра исбот шуда, номбурда бо ҳукми суди шаҳри Душанбе ба муҳлати 5 сол, бо нигоҳ доштан дар муассисаҳои ислоҳии низомаш сахт, равонаи зиндон шуд.
Зафар САИДШОЗОДА, судяи суди шаҳри Душанбе,
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.06.2019 №: 114 Мутолиа карданд: 1635