ҳуқуқ
ШИНОСНОМАИ НАВ. ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҚОНУНИИ СИМКОРТ ВА ҶИНОЯТКОРИРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 миллиону 471 ҳазор симкорт мавриди истифода қарор дорад, ки аз он наздик ба 2 миллиону 101 ҳазораш тавассути шиносномаи нав, яъне корти ID ба расмият дароварда шудааст. Дар сурати то 15 августи соли равон шиносномаи соли 1996 - ро ба корти пластикӣ иваз накардан эҳтимол дорад, ки соҳибони симкортҳои боқимонда аз истифодаи он маҳрум гарданд. Зеро тибқи тартиби нав операторони мобилӣ танҳо дар сурати пешниҳоди корти ID симкорти муштариро ба расмият медароранд.
ШУМО КОРТИ ID ГИРИФТЕД?
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” вобаста ба ҷузъиёти тартиби нави сабти симкортҳо чунин изҳори назар кард: “ Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30 апрели соли 2016 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” Хадамоти алоқа вазифадор шудааст, ки то 15 августи соли равон ба номи ҳар шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкортро бо шиносномаҳои нав - корти ID анҷом диҳад”.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз соли 2016 дар қарори мазкур зикр шуда буд, ки азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилӣ аз ҷониби истифодабарандагон дар асоси шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти ID) гузаронда мешавад.
Вале аз сабаби он ки анҷоми чунин кор ба якборагӣ мушкил буд, дар марҳалаи аввал иҷозат шуд, ки бо шиносномаи намунаи соли 1996 симкортҳо ба расмият дароварда, тадриҷан, бо корти мазкур иваз карда шаванд. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 дорои махзани муътамади иттилоотӣ буда, истифодаи нодурусти симкортҳоро пешгирӣ менамояд. Дар он нақши ангушт, маълумот дар бораи гурӯҳи хун ва ҷойи зист дар намуди электронӣ мавҷуд аст.
Яке аз сабабҳои қатъӣ кардани сабти симкортҳои телефони мобилӣ бо пешниҳоди шиносномаи навро И. Атоев ба он вобаста медонад, ки баъзе аз шаҳрвандон бо истифодаи нусхаи шиносномаи намунаи соли 1996 симкортҳоро ба тариқи ғайрирасмӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхтаанд.
Яъне, истифодаи ғайриқонунии симкортҳо метавонад, ба кирдорҳои номатлубу ҷинояткорона, аз ҷумла амалҳои террористӣ замина гузорад, ки таҳдид ба амнияти давлат ва ҷомеа мебошад.
ЗИНҲОР, ТЕЛЕФОН БА БЕГОНА МАДЕҲ!
Ахиран дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки тибқи онҳо шаҳрванд зимни пайвасти ғайриқонунии симкорт ва ё ба каси дигар додани он ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, зимни тавзеҳи тағйирот таъкид дошт, ки ҳадаф аз чунин муқаррарот пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба пайвасткунии ғайриқонунии симкорти телефони мобилӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ мебошад.
Ба гуфтаи муовини вазир, омӯзиши ҳодисот ва ҷиноятҳои дар кишвар бо истифода аз симкортҳои мобилӣ рухдода нишон доданд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ё экстремистидошта то ин дам ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар нагардидааст. Бинобар ин, бо назардошти таҳдиди хатарҳои замони муосир, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав 3411 “Вайрон кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пайвасткунии симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ва ба соҳибияти каси дигар додани он” илова мешавад. Минбаъд мувофиқи талаботи нав дар ҳолате, ки шахс телефонашро ба каси дигар диҳаду ӯ ба фарди дигар занг занад ва он боиси ба амал омадани амалҳои террористиву экстремистӣ гардад, соҳиби симкорт низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Яъне, қонунан шарики ҷинояткор эътироф мегардад. Аз ин рӯ, кулли шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасонро зарур аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ телефонҳои мобилии худро ба шахсони ношинос, ҳатто барои истифодаи яклаҳзаина, надиҳанд.
ТАҚДИРИ МИЛЛИОНҲО СИМКОРТ ЧӢ МЕШАВАД?
Ба гуфтаи Икром Умарзода, агар шаҳрванд дар муҳлати муқарраршуда шиносномаи худро иваз накунад, фаъолияти симкорти ба ӯ тааллуқдошта қатъ мегардад.
Азбаски то ҳол 3 миллион нафар ва ё сеяки аҳолии Тоҷикистон шиносномаҳои намунаи соли 1996 - ро иваз накардаанд, баъзе аз вакилон пешниҳод доштанд, ки муҳлати ивази шиносномаҳо дароз шавад. Зеро Вазорати корҳои дохилӣ то моҳи август имкони иваз кардани ҳама шиносномаҳоро надорад. Зеро, бино ба арзёбии муовини вазири корҳои дохилӣ ин ниҳод дар як моҳ то 50 ҳазор шиносномаро иваз карда метавонаду халос.
Аз ин рӯ, коршиносон роҳи ҳал ва пешгирии ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ вобаста ба ин масъаларо дар тамдиди муҳлат ва тавсеаи имконоти вазорат медонанд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2019 №: 115 Мутолиа карданд: 1571