ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ЗАМИНФУРӮШӢ
мудири шуъбаи фарҳангро
ба толори суд бурд
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Умед Ғафоров, мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз, пас аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Ба иттилои манбаъ, У. Ғафоров барои гирифтани пора, боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Номбурда бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,12 гектар ба як шаҳрванд аз ӯ дар ду ҳолат маблағ ситондааст. Аз ҷумла, бори аввал 5000 доллари амрикоӣ гирифта, боз 8000 сомонии дигар талаб намудааст. Вале ҳангоми гирифтани ин маблағ аз ҷониби кормандони агентӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, алайҳи ӯ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
ҚАЛЛОБӢ
ба маблағи 573 000 сомонӣ
Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти 4 шаҳрванди аз 25 то 50 - сола хабар дод, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар мешаванд.
Боздоштшудагон сокинони шаҳри Душанбе буда, аз марди 54 - солае барои гирифтани қарори сохтмони бинои баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Шамсии пойтахт 573 000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондаанд.
Ҳоло нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
ТАҲДИД ВА ЗӮРОВАРӢ
Ошкоршавии ҷиноят
баъд аз 21 сол
Кормандони мақомоти милитсия парда аз рӯи ҷинояте бардоштанд, ки соли 1998 содир шудааст.
Бино ба гузориши сомонаи ВКД, кормандони милитсия марди 43 – солаи сокини Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, ки солҳои 1996 – 1997 узви гурӯҳи силоҳбадасти Ёрибек Иброҳимов бо тахаллуси «Шайх» буд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.
Номбурда моҳи апрели соли 1998 бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдид аз хоҷагии деҳқонии «Шамар» - и ноҳияи Рашт 1 адад вагони дуҳуҷрагиро тасарруф намудааст, ки айни ҳол дар истифодаи бародараш қарор дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло ин амали ҷинояткорона мавриди тафтиш қарор дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2019 №: 115 Мутолиа карданд: 1082