номаҳо
"КУЛЛИЁТ" - И САЙИДО. 200 НУСХА БА КӢ МЕРАСАД?!
Соли рафта бо қарори ЮНЕСКО 400 – солагии милоди Миробид Сайидои Насафӣ ва 550 – солагии Кавкабии Бухороӣ таҷлил гардиданд. Бешак, ин ҳар ду шахсиятҳои маъруфи илму адаб бо осори мондагорашон дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми чашмрас гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, шаҳрвандони кишварамон бо рӯзгори Миробид Сайидои Насафӣ туфайли китобҳои дарсӣ аз даврони мактабӣ то ҷое шинос мебошанд. Мутаассифона, дар бораи Кавкабии Бухороӣ маълумоти муфассал рӯи даст нест, ки аз он баҳравар бигарданд. Аз ин рӯст, ки дар борааш аксари мардум чизеро намедонанд. Таҷлили ҷашнҳои мазкур ва омодагӣ ба онҳо чунин имконҳоро фароҳам оварда метавонистанд. Аммо ҳар ду ҷашн шояд дар доираи кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо баргузории конференсияҳои илмӣ андак шукӯҳ пайдо карда бошанд. Ҳол он ки онҳоро бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар сатҳи баланд доир менамуданд. Охир, таҷлили солгарди шахсиятҳои маъруфи илму адаб ба хотири ҳувияти миллӣ, худшиносӣ, боло бурдани маърифат аст.
Аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» хондам, ки «Куллиёт» - и Миробид Сайидои Насафиро бо иқдоми Академияи илмҳои ҷумҳурӣ адабиётшиносон Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ва Асрори Раҳмонфар омодаи чоп намудаанд ва ба теъдоди 200 нусха нашр гардидааст. Хостам, ки «Куллиёт» - ро бо кадом нархе ҳам бошад, чун арзанда мебошад, дастрас намоям, вале муваффақ нагардидам. 200 нусха ба кӣ мерасад? Ҳатто баъзе аз кормандони Академияи илмҳо шояд аз нашри он бехабар монданду натавонистанд, ки соҳиби «Куллиёт» бишаванд.
Дар бораи Кавкабии Бухороӣ дар ин маврид ҳоҷат ба сухан кардан нест.
Чаро нашриётҳои маъруфи кишвар дар нашри зебову мукаммали осори арзишманди ин ду шахсияти барҷастаи илму адаб саҳми сазовор нагирифтанд? Ё барои он интизори супориши махсуси масъулонашон буданд?
Ҷ. МАҶИДЗОДА, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.06.2019 №: 116 Мутолиа карданд: 4189