ҳуқуқ
ТАНЗИМ. ҚОНУНШИКАН ҶАРИМА ШУД
Суди ноҳияи Вахш як сокини маҳаллӣ Меҳрубон Азизоваро барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айбдор ва нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима таъйин кард.
Тавре маълум гардид, Меҳрубон Азизова дар манзили истиқоматиаш ба муносибати хонадоршавии духтараш Сайринисо Азиззода бо иштироки зиёда аз 60 нафар ҳамсинфону дугонаҳои ӯ маъракаи чойгаштак ташкил кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар асоси банди дуюми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон) тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.
Ба гуфтаи Меҳрубон Азизова ҳарчанд ӯ ғайриқонунӣ будани маъракаи чойгаштакро медонист, аммо ба хотири наранҷидани духтараш маҷбур шудааст, ки хилофи қонун амал намояд.
Дар натиҷа, Азизова Меҳрубон бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба ӯ ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд, ки ин ҷазои қонунӣ барои дигарон дарси ибрат бошад.
Ҳасан МУЪМИНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Вахш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.06.2019 №: 116 Мутолиа карданд: 1040