ҳуқуқ
ҲУШДОРИИ КҲФ: "ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!"
Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се навраси то 15 - соларо, ки дар минтақаи мамнӯъ барои шиноварии дарёи Сир оббозӣ мекарданд, аз хатари марг наҷот доданд.
Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти кумита, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои дарёи Сир гурӯҳи ғаввосон – наҷотдиҳандагони раёсати кумита дар вилояти Суғд ин наврасонро, ки дар ҳоли ғарқшавӣ буданд, наҷот доданд. Дар аввалин фурсат барои онҳо ёрии тиббӣ расонда шуд.
- Ба хотири пешгирӣ аз чунин рӯйдодҳои нохуш наҷотдиҳандагони кумита маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарӣ дар обҳо мегузаронанд ва ин вазифаи хеле муҳими онҳо дар мавсими тобистон мебошад. Ҳамарӯза мутахассисони мо дар гӯшаву канори кишвар, минтақаҳои наздисоҳилӣ, лагерҳои истироҳатӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ навбатдорӣ мекунанд. Ҳамзамон, бо роҳандозии мулоқотҳо ба истироҳаткунандагон дар бораи хатари шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ва расондани ёриҳои аввалияи тиббӣ суҳбатҳо баргузор мекунанд, - гуфт Умеда Юсуфӣ.
Тибқи омори расмии кумита давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ 140 нафар ғарқ шуд, ки 27 нафари онҳо кӯдакони то даҳсола ва 23 нафар то ҳабдаҳсола мебошанд. Аз ҷумлаи ғарқшудагон 48 нафарро шахсони 35 - сола ташкил медиҳад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки бо фаро расидани фасли тобистон ва мавсими оббозӣ фарзандон аз ҳарвақта бештар зери назорати қатъӣ гирифта шаванд. Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакона, ки мактаббачагон вақти таътил ба фароғати тобистона фаро гирифта мешаванд, аз ҷониби масъулин назорати ҷиддиро ба роҳ мондан зарур аст.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.06.2019 №: 116 Мутолиа карданд: 1262