иқтисод
"ДУНЁИ НАВ". ҲОЛИ ТАБОҲИ КОРХОНАЕ, КИ 500 КОРГАР ДОШТ
Фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав”, ки соли 2016 дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Аваз Кабиров ба кор пардохта буд, қариб қатъ шудааст. Кор дар қисмати боқимондаи корхона низ чандон қаноатбахш нест.
Корхона 30 августи соли 2016 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Бинои корхона аз 8 ошёна иборат буда, бо назардошти муосиртарин талаботи меъморӣ бо маблағи 13,2 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар коргоҳ барои фаъолияти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ шароити арзанда муҳайёст.
Дар ошёнаи якум коргоҳи қолинбофӣ мавҷуд буд, ки дар он қаблан занону духтарони ҳунарманд мувофиқи табъ ва хоҳиши мизоҷон қолинҳои дастбофи рангоранг омода месохтанд. Мутаассифона, ин коргоҳ баъди фаъолияти кӯтоҳ дари худро баст. Тавре маълум шуд, қолинҳои дастбофи коргоҳ харидор наёфтанд.
Дар ошёни 7-уми бино низ барои фаъолияти нафарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд коргоҳи дӯхти сарулибос мавҷуд буд. Онҳо имкон доштанд, ки дар ин ҷо кор карда, ба ин васила рӯзгори худро пеш баранд. Бо сабаби ба рақобат тоб наовардани маҳсулоти коргоҳ шумораи зиёди ашхоси имконияташон маҳдуд дар як муҳлати кӯтоҳ бекор монданд. Танҳо коргоҳи дӯхти рахти хоб, кӯрпаву кӯрпача ва дӯзандагӣ қисман фаъолият дорад, он ҳам на ба иқтидори пурра. Тавре мушоҳида кардем, имрӯзҳо дар корхона садҳо адад дастгоҳи замонавӣ зери чанг бекор хобидааст.
Дар нахустин рӯзҳои фаъолият дар ин иншоот зиёда аз 500 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардида буданд. Вале дар як муҳлати кӯтоҳ корхона бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулоти тайёр рӯ ба муфлисшавӣ ниҳода, шумораи зиёди кормандон аз бекорӣ корхонаро тарк карданд.
Ба гуфтаи масъулони корхона, дар аввал кор хуб буд. Занону духтаронро ба кор ҷалб ва соҳиби касб низ карданд. Вале бештари онҳо баъди соҳибкасб шудан коргоҳро тарк карда, дар хонаҳояшон ба дӯзандагӣ машғул шуданд. Ба гуфтаи онҳо, албатта, дар хона кор кардан беҳтар аст, зеро дар хона андоз аз даромад ва амвол намесупоранд.
Масъулони “Дунёи нав” дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» вобаста ба ҳолати ногувори корхона изҳор доштанд, ки бо мақсади ба кор андохтани он бо мактуб ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то вазорат онро бо иқтидори пурра ба гардиши истеҳсолӣ дарорад. Ҳама ба умеди он буданд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати ба кор андохтани ин корхонаи калон чора меандешад. Аммо вазорат фақат ҳамин қадар «ташаббус» нишон дод: «Дунёи нав» - ро ба феҳристи корхонаҳое шомил намуд, ки давоми соли 2018 фаъолият накардаанд. Тамом.
Абдурауф Пӯлотов, сардори шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нав, иброз намуд, ки воқеан, фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Дунёи нав» ба далели надоштани фармоиш аз ҷониби мизоҷон коста шудааст. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ корхона ҳамагӣ ба маблағи 86 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки дар муқоиса бо иқтидори истеҳсолӣ тамоман ночиз аст.
- Дар масъалаи мактуби молики корхона ба унвони вазорат ҷиҳати дастгирӣ барои барқарор кардани иқтидори аслӣ маълумот надорам, - гуфт А. Пӯлотов.
Мутаассифона, тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, танҳо давоми соли 2018 дар кишвар 127 корхонаи саноатӣ бо далелҳои гуногун фаъолият накардаанд. Роҳбарону масъулони вазоратро зарур аст, ки ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳои бекорхобида ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир чораҳои иловагӣ ва мақсаднок андешанд. Дар акси ҳол, ҳазорҳо нафари дигар бе ҷои кор хоҳанд монд.
«Ҷумҳурият» қаблан низ ҳоли табоҳи як корхонаи дӯзандагӣ дар шаҳри Ваҳдатро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ расонда буд. Таҳлилҳо бозгӯ мекунанд, ки вазъи ин корхона бо «Дунёи нав» якранг буда, ҳар ду ҳам бо сабаби рақобатпазир набудани маҳсулот ва гаронии нисбии нархи молашон аз кор мондаанд. Дар ин корхонаҳо бештари маҳсулот дастӣ омода шуда, нарх назар ба арзиши чунин маҳсулоте, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад, чанд баробар зиёд ва ҳатто сифати маҳсулот низ дар муқоиса ба моли воридотӣ пасттар аст.
Агар чунин корхонаҳо аз рӯи мақоли халқии «Хоҷа, боғ дорӣ...?» бунёд карда шаванд, пас чӣ гуна метавон ба воқеӣ будани омори ба фаъолият пардохтани коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ дар корхонаҳои баъзе шаҳру навоҳӣ бовар кард?
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.06.2019 №: 117 Мутолиа карданд: 1820