ҳуқуқ
СОЗИШНОМАИ СУЛҲ - НОМАИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТ
Агар ба дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ назар андозем, пайдост, ки Тоҷикистони азиз аз файзи қудуми ваҳдати миллӣ ва шоҳкориҳои бесобиқаи Сарвари давлат дар давоми 22 соли ахир ба муваффақиятҳои назаррас даст ёфт, ки чархи зиндагии мардумро ба гунаи мусбат тағйир дод. Зеро, қатъи назар аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 ба касби Истиқлолияти давлатӣ мушарраф шуд, роҳи тараққиёти кишвар танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяну мушаххас гардид.
Баъд аз даргириҳои панҷсолаи мусаллаҳона ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат имкон фароҳам омад, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ барномаҳои вижаи давлатӣ рӯи даст гирифта шаванд. Аз ҷумла, дар баробари дигар бахшҳои муҳими ҷомеа, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар дар мақомоти судӣ низ марҳилаи нав ва таҳаввулоти тоза ба миён омад. Чунончи, ҳанӯз соли 2007 ба манзури таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ ва адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин барнома - «Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Таҳия ва татбиқи барномаи мавриди назар дар ду марҳилаи баъдӣ низ идома ёфта, дар асоси дастури Пешвои муаззами миллат, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иттифоқ афтод, давраи ҷадиди он оғоз шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то кунун барномаи ислоҳот натиҷаҳои мусбатеро ба бор оварда, ба рушди мақомоти судӣ ва таҳкими фаъолияти судяҳо такони нав бахшидааст. Дар пайи татбиқи босамари барнома қонунгузорӣ мукаммалтар шуда, кодексу қонунҳои амалкунанда ба Конститутсияи мамлакат мутобиқ гардонда шуданд. Аз ҷумла, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва мурофиавии гражданӣ дар таҳияи нав пешниҳоду мавриди амал қарор гирифтанд. Ваколатҳои ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, кофтукови манзил, ҳабси молу мулк, муваққатан аз вазифа дур кардан ба салоҳияти судяҳо вогузор шуд, ки дар низоми ҳуқуқии аксари кишварҳои ҷаҳон чунин тартиб мавҷуд аст.
Албатта, расидан ба ҳадафу барномаҳои наҷиб дар фазои орому осуда имконпазир аст, ки хушбахтона, мо тоҷикон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар чунин неъматро дорем. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки дигаргуниҳо дар мақомоти судии кишвар, ки самти афзалиятноки он риояи адолати судиву иҷтимоист, ба сулҳи пойдору ваҳдати миллӣ бастагӣ дорад. Пас, мо кормандони мақомоти судиро зарур аст, ки дар баробари таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати судӣ ва ризоияти ҷомеа, дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва арзишҳои олии Истиқлолияти давлатии хеш масъул бошем.
Ғ. ДАМОНЗОДА, корманди Суди Олии иқтисодӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.06.2019 №: 117 Мутолиа карданд: 957