logo

иқтисод

КАРТОШКАПАРВАРӢ. ИНТИХОБИ ТУХМИҲОИ СЕРҲОСИЛ ОМИЛИ РУШД АСТ

Тайи  чанд соли охир дар бозорҳои кишвар ба истеъмолкунандагон сафедпӯст, сурхпӯст ва навъҳои дигари картошка пешкаш мешаванд, ки харидоронро ба ҳайрат овардааст. Хабарнигори рӯзнома аз Қурбоналӣ Партоев, доктори илмҳои  кишоварзӣ, профессор, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш намуд, ки андешаҳояшро доир ба ин масъала ва дастовардҳои дигари олимони тоҷик баён намояд. Ӯ чунин гуфт:

- Олимони институт баҳри дар истеҳсолот ҷорӣ намудани комёбиҳои илмии бадаст - овардаашон талош меварзанд. Дар институт шаш озмоишгоҳи ҳозиразамони ба талаботи имрӯзаи илми биология ҷавобгӯ дар самтҳои омӯзиши гуногунии биологӣ, захираҳо ва бехатарии биологии кишвар  фаъолияти илмӣ менамоянд. Соли равон олимони тоҷик боз ду навъи навкашфи картошкаро барои санҷиш ба Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва ҳимояи навъҳои зироатҳои кишоварзии Вазорати кишоварзӣ пешниҳод намуданд.
Дар таркиби навъҳои нави картошка, ки олимони пажӯҳишгоҳ тайи 10 - 15  соли охир бо роҳи истифодаи усулҳои селексионӣ, генетикӣ ва тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ  ихтироъ кардаанд, оҳан, йод, магний, калий, калсий ва дигар элементҳои фоидаовар бештар мавҷуданд. Чанд  сол пеш  бо дастгирии Созмони байналмилалии агроаксияи Олмон  навъи картошкаи «Биг роза» (“Садбарги калон”)  аз Аврупо тавассути Белгия  ба  Тоҷикистон оварда шуд. Мутахассисони  соҳаи кишоварзии  агроаксияи Олмон якҷо бо олимону мутахассисони тоҷик тӯли 5 - 6 сол ин навъи картошкаро  дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ парвариш намуда, ҳаҷми тухмиро афзоиш доданд. Аз ин рӯ, ин навъи картошка бештар дар ин ноҳия кишт шуда, аз он ҷо ба бозорҳои ҷумҳурӣ интиқол меёбад. Ин навъи картошка бо сабаби ранги гулобӣ ё ҷигарӣ доштанаш «Садбарги калон»  номгузорӣ шудааст.
Бештар аз 3,5 ҳазор рустаниҳои шишагӣ ва минилӯндаҳо  ҳамчун маводи аввалия дар бахши тухмипарварии ноҳияи Лахш ва намунаи навъҳои ояндадори картошка дар мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат афзоиш дода шуданд. Ин навъҳои картошка серҳосил буда, дар баробари маводи ғизоӣ будан, инчунин, хусусиятҳои табобатӣ низ доранд.
Соли гузашта кишоварзони мамлакат картошкаи навъи “Тоҷикистон”- ихтирои олимони тоҷикро дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар кишт намуданд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, ҳосилнокии ин навъ 350 – 450 сентнер аз ҳар гектар мебошад ва дар рушди истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ метавонад нақши муайян бозад. Дар таркиби картошкаи навъи «Тоҷикистон» хати борики ҷигармонанд, яъне сурхча ба чашм мерасад. Пайдоиши рахи сурх ба он марбут аст, ки дар таркиби ин навъи картошка оҳани зиёд  мавҷуд буда, истеъмоли он барои таъмини микроэлементи зарурӣ  дар организми инсон ва пешгирии касалии камхунӣ (анемия) фоидаи калон дорад. 
Олимони тоҷик ҳоло навъи нави картошка - “Нилуфар” - ро дар қитъаҳои навъсанҷӣ омӯхта истодаанд, ки дар таркиби он йод  мавҷуд буда, барои пешгирӣ намудани касалии ҷоғар  ёрӣ мерасонад. Дар мағзи картошкаи навъи “Нилуфар” ранги нофармон дида мешавад. Рангҳои ҷигарӣ ва нофармон дар навъҳои навкашфнамудаи олимони тоҷик аз мавҷудияти кофии оҳану йоди таркиби онҳо шаҳодат медиҳанд ва ин навъҳо барои саломатии инсон аҳамияти калон доранд. Дар бозорҳои кишвар баъзеҳо аз харидани ин навъҳои картошка худдорӣ менамоянд, ки ин амал асоси илмӣ надорад. Ба истеъмолкунандагон  мерасонем, ки бе ташвишу ҳарос аз  чунин навъҳои картошка истифода баранд, зеро онҳо пурра безарар ва баръакс, барои саломатӣ фоидаоваранд.                
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,      
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2019    №: 117    Мутолиа карданд: 1095
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед