logo

иқтисод

ПАСАНДОЗ ЯГОНА МУТТАКОЯМ БУД, АММО…

Пас аз фавти шавҳарам (соли 2009) таъминоти оила пурра ба дӯшам афтод. Меҳнат карда, баробари хӯрондану пӯшондани фарзандонам як қисми маблағҳоро барои касбомӯзии онҳо дар филиали ҶСК «Агроинвестбонк» дар шаҳри Панҷакент пасандоз намудам. Фарзандонам яке пайи дигар донишҷӯ шуданд. Ҳоло Наргис Ҳабибзода донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи байналмилалии «АТАТЮРК– АЛАТТО» - и Ҷумҳурии Қирғизистон ва Далер Ҳабибзода донишҷӯи курси якуми филиали Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Панҷакент мебошанд. Ҳарду тариқи шартнома таҳсил менамоянд.

Мутаассифона, ҳоло бонк пули пасандозамро намедиҳад, то маблағи шартномаи таҳсили фарзандонамро пардохт намоям. Чандест, ки аз донишгоҳҳои номбурда барои таъхири пардохти маблағи мазкур ба унвони ман огоҳинома мефиристанд. Дар он зикр мегардад, ки дар ҳолати напардохтани маблағи ҳаққи таҳсил фарзандонам аз донишгоҳ хориҷ карда мешаванд. Вале, бо вуҷуди муроҷиатҳои пай дар пай, масъулини «Агроинвестбонк» танҳо ваъдаҳои хушку холӣ медиҳанд. Ман аз баҳри фоидаи пасандоз гузаштаму танҳо маблағи худамро гирифтан мехоҳам. Аммо роҳбарияти бонк ҳамон пули гузоштаамро барнамегардонад.
Аввали соли гузашта ба Бонки миллии Тоҷикистон барои бозпас гирифтани маблағҳои дар бонки «Агроинвестбонк» доштаам муроҷиат намудам. Аммо ҳайҳот, ки масъулини ин ниҳод низ ба ҷуз маслиҳат ёрие надоданд. Дар посухи бонк зикр гардидааст, ки ҷиҳати ситондани маблағҳои гузоштаам ба суд муроҷиат намоям. Вале даъвоҳои судӣ то кадом андоза дар ҳалли масъала мусоидат менамоянд, номаълум аст. Ин амал баробари мушкили ба сари фарзандонам омада ташвишҳои маро бештар менамояду халос.
Умед дорам, ки бо хондани ин матлаб дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» шахсони масъул ба хотири рафъи мушкилоти ба сари ману фарзандонам омада чораи зарурӣ меандешанд. 
Баҳринисо РАШИДЗОДА, сокини шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2019    №: 118    Мутолиа карданд: 1340
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед