иқтисод
САНОАТ. СОҲАЕ, КИ БА МУТАХАССИСОНИ ВОҚЕӢ НИЁЗ ДОРАД
Дар саноатикунонии иқтисодиёт мавҷудияти чанд омили асосӣ, пеш аз ҳама, қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти озуқа, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, об, энергия ва қувваи корӣ ҳатмист. Кишвари мо тамоми ин имкониятҳоро дорад. Дар баробари ин, омили дигаре ҳаст, ки бе мавҷудияти он низ босамар фаъолият намудани корхонаҳо номумкин аст. Ин ба камол расондани мутахассисони касбии соҳавӣ аз ҳисоби бошандагони ноҳияву шаҳрҳои кишвар мебошад, зеро танҳо мутахассиси касбӣ метавонад лоиҳаи рушди корхонаро тартиб диҳад, технологияи самараноки истеҳсоли маҳсулотро интихоб ва фаъолияти пурмаҳсулро ба роҳ монад, фаъолияти ҳаррӯзаи корхонаро идора кунад ва истеҳсоли маҳсулоти босифату бозоргирро таъмин намояд.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки саноатикунонии иқтисодиёт бе ҷалби мутахассисони таҷрибадори баландпоя ғайриимкон аст.
Зеро мутахассиси касбӣ амаликунандаи васоили равнақи саноат аст. Агар ӯ роҳбари корхона таъйин шавад, мутахассисони дигари касбиро барои роҳбарии сохторҳои корхона ҷалб намуда, идораи корхонаи саноатиро бо дарёфти васоити афзалиятноки фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ, роҳу усулҳои дурусти маблағгузорӣ ва ташкили истеҳсолотро мувофиқ ба талаботи ҳозиразамон ба роҳ мемонад.
Омода кардани мутахассисони касбӣ омилест, ки асосан се зинаро фаро мегирад. Он аз такмили таълим дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна оғоз меёбад. Мо бояд бо истифодаи тамоми воситаҳо ва имкониятҳо равнақи таълимоти маълумоти умумӣ, инчунин, барномаҳои касбомӯзии мактаббачагонро дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ таъмин намоем. Бе таҳкурсии мактаби миёна, ки ба насли ҷавон дониши бунёдӣ медиҳад, дар зинаҳои болоии системаи маориф донишманд намудани таълимгирандагон мушкил аст.
Зинаи дуюми тайёркунии мутахассисон таълим дар донишкадаву донишгоҳҳост. Ҳоло дар мамлакат барои тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаҳои гуногуни саноат донишгоҳу донишкадаҳои зиёд фаъолият мекунанд. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи саноати кӯҳӣ, Донишкадаи энергетикии шаҳри Левакант, се филиали донишгоҳҳои бонуфузи Россия ва факултаҳои алоҳида дар донишгоҳҳои миллӣ ва аграрӣ мутахассисони соҳаҳои гуногуни саноатро омода месозанд.
Иқтидори макотиби олӣ дар тарбияи мутахассисон назар ба талабот зиёд аст, вале алҳол сифати таълим ва сатҳи донишу малакаи хатмкардагони макотиби олӣ барои самаранок идора кардани техникаву технологияҳои саноатии ҳозиразамон кифоя нестанд. Аз ин лиҳоз, сифати тайёркунии мутахассисони касбӣ дар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат роҳандозии тадбирҳои бунёдиро тақозо дорад. Равнақи саноат бояд аз таъмини пойгоҳи моддӣ- техникии донишкадаву донишгоҳҳо дар намуди озмоишгоҳҳои дорои тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон, маводи таълимӣ, васоили компютерӣ ва намоишӣ оғоз ёбад ва ин амал сол ба сол дар равиши тараққиёти илму техникаи соҳаи ихтисосӣ ташаккул ёбад.
Дар ташкили пойгоҳи моддиву техникии донишгоҳҳо дар баробари саҳми буҷети мамлакат корхонаҳои истеҳсолии мавҷуда низ бояд саҳм гиранд. Тайёр кардани мутахассис барномаи мушаххаси мақсаднок аст, яъне мутахассисон бояд барои ташкилоту корхонаҳо омода карда шаванд, на барои ба даст овардани диплом. Барномаи мақсаднок имкон медиҳад, ки мутахассиси дар донишгоҳ таълимгирифта дар истеҳсолот мавқеъ ёбаду донишу малакаи гирифтаашро барои равнақи иқтисодиёт истифода барад.
Тайёр намудани мутахассисон бо пули корхонаҳо таҷрибаи босамару озмудашудаи ҷаҳонист. Дар мамлакатҳои пешрафта барномаҳои махсуси дастгирии ҷавонони болаёқат дар касбомӯзӣ яке аз роҳҳои асосии омодасозии мутахассисони касбианд. Аз ин барномаҳо ҳатто баъзе ҷавонони тоҷик низ истифода мебаранд, лекин, гумони ағлаб, онҳо баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои хориҷа дар он ҷойҳо монда, барои равнақи иқтисодиёти мамлакатҳои дигар хизмат мекунанд. Бинобар ин, корхонаҳои саноатӣ ё вазорату ташкилотҳои марбута набояд фақат бо умеди аз ҳисоби буҷети давлатӣ тайёр кардани мутахассисон бошанд, балки барои таъмини талаботи истеҳсолоти худ бо мутахассисон дар тайёркунии онҳо саҳмгузорӣ намоянд.
Зинаи сеюми омодасозии мутахассисони баландпоя бозомӯзии доимии мутахассисон, шиносоии онҳо бо навигариҳои илмӣ - техникӣ дар семинарҳо, курсҳои такмили ихтисос, таҷрибагузарӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар амалҳое, мебошад, ки бояд корхона барои кормандонаш муҳайё намояд.
Фаъолияти ҳар корхона аз тавонмандии касбии мутахассисон сахт вобаста аст. Азбаски равнақи илму техникаву технологияи саноатӣ хеле суръатнок аст, пас дониши кормандон низ бояд мунтазам такмил ёбад.
Зумрат ҒАЙБУЛЛОЕВА,
устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи
академик М. С. Осимӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.07.2019 №: 125 Мутолиа карданд: 1062