иқтисод
ФОИЗҲОИ БАЛАНДИ БОНКӢ. ҲАҚИҚАТАН, ВАЗЪ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ
Вокуниш ба матлаби танқидии рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 07. 02. 2019, № 29 (23632) таҳти унвони «Қарз. Нигаронӣ аз фоизҳои баланд».
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ва иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2019, № 26/10 – 40 дар хусуси таҳияи вокуниш ба матлабҳои танқидӣ дар соли 2018 ба мақолаи дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чопшуда чунин посух пешниҳод менамояд:
Идома ёфтани буҳрони геосиёсӣ – иқтисодӣ ва ноустувор гардидани вазъи молиявӣ дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ, ба соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба низоми бонкӣ низ, таъсири манфӣ расонд, ки айни замон ин боиси коста шудани имкониятҳои қарзбаргардонии муштариён, афзоиши сатҳи қарзҳои барнагаштаи бонкҳо ва нисбатан кам шудани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо гардид.
Дар ин ҳол аз як тараф имконияти пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ ба иқтисодиёт коҳиш ёфта, аз тарафи дигар бошад, барои паст кардани фоизҳои қарз мушкилиҳои зиёд пеш омаданд.
Ба ин нигоҳ накарда, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ мактуб фиристода, онҳоро водор намуд, ки аз рӯи имкониятҳои мавҷуда, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва афзун намудани ҳаҷми қарзҳо ба муштариёни боэътимод, аз ҷумла додани қарзҳои хурди дорои фоизи паст ба соҳибкорон, мусоидат намоянд.
Инчунин, барои аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ, аз қабили дархости ҳуҷҷатҳои зиёдатие, ки ҷамъоварии онҳо барои муштариён вақти зиёдро талаб менамояд ва сода кардани тартиби додани қарз, бо назардошти ба инобат гирифтани хавфҳои бонкӣ, тавсияҳои судманд дода шуданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини рушди соҳибкорӣ бо роҳи паст кардани меъёри фоизи қарзҳо дар Бонки миллӣ гурӯҳи корӣ оид ба муайян кардани арзиши аслии қарз таъсис гардид ва дар ин самт таҳлилҳои амиқ гузаронда шуда, дар бобати паст кардани фоизи қарзҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дастурҳои мушаххас, аз қабили кам кардани хароҷоти ғайрисамаранок, идоракунии дурусти маблағҳои озод, ҷалби сармоя, сода кардани тартиби додани қарз ва таҷдиди стратегияи қарздиҳӣ дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо асъори хориҷӣ дар охири моҳи апрели соли равон 15,6 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 1,8 банди фоизӣ паст мебошад. Меъёри миёнавазни фоизи қарзҳо бо пули миллӣ дар охири моҳи апрели соли равон 25,5 фоизро ташкил намуд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (28,8 фоиз) 3,3 банди фоизӣ кам шудааст. Вале ҳолати мазкур ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Бонки миллии Тоҷикистон дар самти мазкур якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ барои ноил гардидан ба мақсади гузошташуда корҳои заруриро идома медиҳад.
Ҷ. НУРМАҲМАДЗОДА, раиси Бонки миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2019 №: 126 Мутолиа карданд: 964