иқтисод
ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Тоҷикистон дар ҷаҳон кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ба ҳисоб рафта, беш аз 60 дарсади обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз кишвари мо сарчашма мегиранд. Ҳарчанд Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ қарор дорад, масъалаи глобалии норасоии оби тоза, ки имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, моро бетараф намегузорад.
Ин нукта дар конфронси илмию амалии «Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: неру ва идоракунии стратегӣ», ки бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр ёфт.
Тавре зикр шуд, мутахассисон пешгӯӣ менамоянд, ки дар сурати пешгирӣ накардани оқибатҳои гармшавии иқлим ва ҷиддан кор нагирифтан аз ҳамкорию ҳамгироиҳо дар масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ то соли 2050 мардуми сайёра бо мушкилоти шадиди норасоии об дучор мешавад. Вақте бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшоӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳад, мо - мардуми фарҳангсиришти Тоҷикистон наметавонем бетараф бошем. Аз ин рӯ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳифзи муҳити зист, зарурати шадиди ҳифзи захираҳои обӣ ва истифодаю танзими оқилонаи онҳо ҷалб намуданд.
Тибқи таҳлилҳои коршиносони сатҳи байналмилалӣ, соли 2030 ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди хатарнок, яъне камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Ин нишондиҳанда солҳои 60 - уми асри гузашта ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд.
Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои заруриро барои банақшагирӣ ва ташкили фаъолият дар доираи даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо дастгирии механизми байнимуассисавии “СММ – захираҳои об” пешниҳод менамояд. Яъне истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ҷиҳати қонеъ гардондани на танҳо талаботи имрӯза, балки заминаҳои мусоид ва мусбат фароҳам овардан барои наслҳои оянда роҳи беҳтарини ҳалли мушкилот мебошад.
Гуфта шуд, ки истифодаи оқилонаи об метавонад ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани вазъи санитарию гигиенӣ, рушди устувори соҳаҳои кишоварзию саноат ва энергетика мусоидат намояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дарк намуда истодааст, ки захираҳои обро бояд дар ҳамбастагӣ бо неруи барқ, озуқаворӣ ва саноат оқилона истифода бурд. Имрӯз, ки беш аз пеш тағйирёбии иқлим шиддат меёбад, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода аз “иқтисоди сабз” аҳамияти бузургро доро мешавад, яъне неруи барқи дар неругоҳҳои обӣ истеҳсолшудаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда чун манбаи таҷдидшавандаи қувваи барқ дар даҳсолаи минбаъда мавқеи арзанда ва устувори худро пайдо хоҳад кард.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2019 №: 126 Мутолиа карданд: 1211