ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ПОРА
ба дасти мудири бахши меъморӣ завлона зад
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд Шерназар Шарифов барои талаб намудани пора аз як корафтода боздошт шуда, ҳоло дар толори суд муҳокима мешавад.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди вилояти Хатлон супурда шудааст.
Тавре сомонаи агентӣ хабар медиҳад Шерназар Шарифов моҳи апрели соли 2019 барои омода намудани лоиҳаи қарори манзили истиқоматӣ аз шаҳрванд «А» пешакӣ 700 доллари амрикоӣ гирифта, боз 700 доллари дигар талаб намудааст. Вале зимни гузарондани як амалиёт ҳангоми гирифтани маблағи 700 доллари амрикоӣ дар ҷои ҳодиса дастгир шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 319 қисми 1 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст.
МУНОҚИША
Гунаҳгор худро ба милитсия таслим кард
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кирдори марди 30 – солаеро тафтиш мекунанд, ки баъд аз як муноқиша ва расондани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба як сокини ҳамин ноҳия худро ба мақомоти милитсия таслим кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, номбурда 17 июни соли ҷорӣ бо марди 34 – солаи сокини деҳаи Мирзоободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муноқиша карда, ӯро бо зарби корд захмӣ кардааст. Дар натиҷаи ин амал ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
5000 ДОЛЛАР
ва 74 000 рубли русӣ барои "дохилшавӣ ба донишгоҳ"
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати коррупсионӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Турдимурод Ачилдиев аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Шаҳбоз Меликов соли 2018 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» бо ваъдаи дохил намудани писараш ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар чанд ҳолат 5 000 доллари амрикоӣ ва 74 000 рубли русӣ гирифтааст.
Ҳоло нисбат ба Турдимурод Ачилдиев ва Шаҳбоз Меликов тибқи моддаи 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.07.2019 №: 126 Мутолиа карданд: 1135