logo

иқтисод

РАВҒАНИ РУСТАНӢ. ТО КАЙ ВОРИДОТ МЕКУНЕМ?

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, талаботи солонаи аҳолии ҷумҳурӣ ба равғани рустанӣ зиёда аз 120 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба кишвар наздики 77 ҳазор тонна равған ба маблағи 59 миллион доллар ворид шудааст. Ин дар ҳолест, ки 51 корхонаи равғанбарории мамлакат дар як сол иқтидори коркарди қариб 95 ҳазор тонна равғанро дорад. Пас, муаммо дар чист?

АЗ СОДИРОТ БА ВОРИДОТ ГУЗАШТЕМ?!
Замони шӯравӣ, бахусус солҳои 70 – 80 - уми асри гузашта, Тоҷикистон яке аз калонтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи равған буд. Аҳолиро пурра бо равған таъмин ва як қисми маҳсулотро ба хориҷи кишвар содир мекард. Аммо аз солҳои 90 - ум сар карда, соҳа ба буҳрон гирифтор шуд ва корхонаҳои равғанбарорӣ аз фаъолият бозмонданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ соле 13 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол мешавад, ки маънои истифодаи ҳамагӣ 12 дарсади иқтидори мавҷударо дорад. Аз ин рӯ, мо имрӯз равғанро аз хориҷи дуру наздик харидорӣ ва ворид менамоем.

5 ҲАЗОР ТОННА РАВҒАН БАРБОД РАФТ
Чархаи корхонаҳои равғанбарории кишварро, асосан, чигити пахта мегардонад. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани технологияи коркард на танҳо аҳолии кишвар бо равған таъмин мегардад, балки ба содирот низ роҳ кушода мешавад. Аз 150 ҳазор тонна чигити истеҳсоли соли гузашта 133 ҳазор тоннааш барои равған сарф гашт. Аз ин миқдор бояд 20,3 ҳазор тонна равған ҳосил мешуд. Вале, бо сабаби риоя нашудани технологияи муосир қариб 5 ҳазор тонна равған кам баромад. 
Сабаби ин вазъро Дилшод Одинаев, директори КВД «Саноати хӯрокворӣ», чунин тавзеҳ дод:
- Аз 133 ҳазор тонна чигит зиёда аз 80 ҳазор тоннааш бо усули муосир – экстрактсия ва наздики 54 ҳазор тоннаи дигар бо усули сард коркард шудааст. Агар баромаднокии равғани чигит бо усули аввалӣ 15 – 18 фоиз бошад, бо дувумӣ 7 – 10 дарсадро ташкил медиҳад, яъне маҳз бо сабаби самаранок истифода нагардидани усули истеҳсолот беш аз 4 ҳазор тонна равған талаф ёфт. Ин – як тарафи проблема. Паҳлуи дигараш он, ки дар таркиби равғани пахтаи бо усули сард истеҳсолшаванда, «госсипол» ном моддаи барои саломатӣ зарарнок боқӣ мемонад.

ПАС, ЧАРО АЗ УСУЛИ МУОСИР КОР НАГИРЕМ?
Тавре маълум гашт, аксари корхонаҳо бо усули сард равған мекашанд, ки дар натиҷа самаранокии истеҳсолот боло намеравад.
- Аз 51 корхона танҳо «Ганҷи Хатлон» - и шаҳри Бохтар, «Ато» - и ноҳияи Ёвон, «Сахо» ва «Зуҳал» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Зафаробод инвест» - и ноҳияи Зафаробод, «Ганҷи ҳилол» ва  «26 - солагии Истиқлолият» - и ноҳияи Спитамен ва «Рахшона» - и ноҳияи Ашт бо усули муосир фаъолият менамоянд. Боқимонда 44 корхонаи дигар бо сабаби надоштани техникаю технологияи замонавӣ наметавонанд корро бо усули нав ба роҳ монанд. Аммо, зарур аст, ки корхонаҳои дигар низ давра ба давра ҳатман ба усули экстрактсия гузаранд, - гуфт дар тақвияти хулосаи боло Д. Одинаев. 

«ТОҶИКСТАНДАРТ» ЧӢ МЕГӮЯД?
Равғани рустанӣ аслан аз пахта, офтобпараст, лӯбиё, кунҷид, зағир, мағзи бодом, зардолу, чормағз, шафтолу, писта, ангур, донаи себ, каду, харбуза, тарбуз ва ғайра истеҳсол мешавад. Аз ин миён равғани офтобпараст, лӯбиё, пахта, зағир ва кунҷид сифати беҳтар доранд.
Аз суҳбат бо масъулини «Тоҷикстандарт» маълум гашт, ки бо вуҷуди равғанро аз рӯи нишондодҳои физикию кимиёӣ санҷидан, миқдори «госсипол» дар таркиби он муайян намешавад.
- Мо миқдори туршнокии равғанро санҷида, барои истеъмол тавсия медиҳем, - мегӯяд мудири бахши физикию химиявии маркази ташхисии «Тоҷикстандарт» Аслия Алимшоева. – Равған бояд дар шароити махсус – аз  5 то 20 дараҷа гармӣ нигоҳ дошта шавад.  Аммо ташвишовар он аст, ки дар бисёр маврид онро зери шуои офтоб нигоҳ медоранд ва ин метавонад туршнокиашро зиёд кунад. Илова бар ин, дар зарфҳои сиёҳ нигоҳ доштани равған хилофи қоида аст ва дар онҳо санаи истеҳсолро сабт накардан ба ҳукми анъана даромадааст. Мутаассифона, ин ҳолат, махсусан дар бозорҳо, зиёд ба назар мерасад.
Алимшоева гуфт, ки анборҳои равғаннигоҳдорӣ низ дорои шароити зарурӣ нестанд. Дар панҷмоҳаи соли равон бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудан беш аз 183 тонна равған аз муомилот гирифта шудааст. 
Дар баробари ин, равғани истеҳсолнамудаи ҷувозхонаҳою косибон ва ба равғани офтобпарасту пахта омехта намудани равғани нахл (палма) аз муаммоҳои сарбастаеанд, ки то ҳол ҳалли худро наёфтаанд.

ЧАРО «АССОР», «РАВҒАНИ СОМОН» ВА КОРХОНАҲОИ ДИГАР АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДАНД?
Дарвоқеъ, ба кор даровардани корхонаҳои пуриқтидори соҳа, ки аз усулҳои муосири равғанкашӣ кор гиранд, яке аз роҳҳои асосии эҳёи соҳа аст. Ҳоло корхонаҳои азими саноатӣ, мисли «Ассор» - и ноҳияи Конибодом, «Равғани сомон» ва «Бохтар инвест коттон» - и шаҳри Бохтар, «Равғани тоҷик» - и шаҳри Душанбе фаъолият намекунанд. Сабаби инро масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар дастрасӣ надоштани корхонаҳо ба ашёи хом, маблағ ва ба фурӯш нарафтани маҳсулот арзёбӣ карданд.

ЧӢ БОЯД КАРД?
Таҳлилгарон барои рушди истеҳсолоти дохилӣ ва паст намудани арзиши аслии маҳсулот, пеш аз ҳама, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хоми лӯбиёӣ, офтобпараст, зағир, кунҷидро ба манфиати кор медонанд. Дар ин ҳол корхонаҳо на танҳо бо истеҳсоли равғани пахта иктифо мекунанд, ҳамзамон, бозори мамлакатро бо дигар намудҳои равған таъмин месозанд. Инчунин, кам кардани санҷишҳо, коҳиш додани воридоти маҳсулот ва додани сабукӣ барои хароҷоти нақлиёт аз омилҳои пешбарандаи соҳа арзёбӣ мешаванд.
Саволи посухталаб ин аст: чаро дар замони шӯравӣ Тоҷикистон бо 6 корхонаи калон ва 56 корхонаи ёрирасон дар радифи пешсафони истеҳсолоти 15 кишвар қарор дошту ҳоло бо 51 корхона ҳадди ақал аҳолии кишварро бо равған таъмин карда наметавонад ва мо дар ватани пахта равғани бегонаро истеъмол менамоем?
Меҳрангез ҚОДИРОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2019    №: 127    Мутолиа карданд: 1285
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед