logo

сиёсат

БАРАКАТ. ВАҚТЕ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МЕОЯНД

Андешаҳо дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирок дар тантанаҳои идона ба истиқболи 22 - юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун ва суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинони ноҳияҳои водии Рашт.

Абубакр ШАРИФОВ, ҳамоҳангсози Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва  эҳёи  Тоҷикистон дар водии Рашт: 
- Таҷлили 22 - юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт басо хотирмону таърихӣ буд. Зеро он бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Табиист, ки ҳар қадами Пешвои миллат файзу баракати зиёде дар пай дошта, аз як сафар то сафари дигарашон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба миён меоянд.
Ноҳияи мо, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ яке аз минтақаҳои ҷангзада ба шумор мерафт, мафҳуми ваҳдат ва гиромӣ доштани ин арзиши ҳаётӣ барои ҳар сокини Рашт азизу муқаддас аст. Қобили зикр аст, ки баъд аз расидан ба ваҳдати миллӣ аз соли 1997  дар ноҳия беш аз 500 иншооти муҳими хоҷагии халқ бо дастгирии Президенти маҳбуби кишвар бунёд ёфтааст. Аз ҷумла, 26 июни соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат  8 иншооти дорои аҳамияти муҳим мавриди истифода қарор гирифт. 

Олим МУРОДОВ, сардори идораи замини ноҳияи Лахш:
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари навбатиашон ба ноҳияи Лахш сокинони заҳматпешаи ноҳияро муваззаф карданд, ки дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ боз ҳам бештар саъю талош варзанд. Махсусан, дастури Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмири каналҳо, бахусус каналҳои Ғулама ва Пиёзӣ бо мақсади обёрии заминҳои беоб ва аз худ намудани заминҳои ғайрикишоварзӣ саривақтӣ ва айни муддао буд. Зимнан, раванди кӯчондани аҳолии маҳалҳои камзамини ноҳияҳои водӣ, бавижа  ноҳияи Рашт ба мавзеъҳои ноҳияи Лахш, ки дар ин бора таъкид шуд, ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ин бахш мусоидат мекунад. Бо татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат меҳнаткашони ноҳия метавонанд, истеҳсоли картошкаро ба 150 ҳазор тонна расонанд.

Мирсаид ХОҶАЕВ, корманди бахши иқтисод ва савдои ноҳияи Нуробод:
- Бунёди маркази ноҳияи Нуробод - шаҳраки Дарбанд таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Аз ин лиҳоз, биноҳои наву замонавӣ пайи ҳам қомат меафрозанду шаҳраки Дарбанд симояшро батадриҷ дигаргун месозад.
Бо дастгирии Сарвари давлат ба муносибати таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 248 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша буд.  То имрӯз 93 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 12,5 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта бо сифати баланд таъмир гардиданд.
Пешвои миллат, зимни вохӯриашон бо фаъолони ноҳияи Нуробод, ҷиҳати ҳарчи бештар ба роҳ мондани корҳои бунёдкорию созандагӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мо, сокинони ноҳия дастуру супоришҳои Президенти кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри боз ҳам ободу зебо гардондани ин гӯшаи биҳиштосои диёр саъю талош меварзем.
 
Сабоҳат ТОИРОВА, сокини ноҳияи Сангвор:
-  Дар ноҳияҳои дурдасти кишвар соҳибмаълумот намудани духтарон ва ба корҳои ҷамъиятиву давлатӣ ҷалб намудани бонувон дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Роҳбари давлат  зимни сафари кории навбатиашон низ дар ноҳияи Сангвор ба ҳамин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Тавре зимни вохӯриашон бо сокинони ноҳия зикр карданд: “Ҳарчанд, ки аз замони таъсис ёфтани ноҳияи Сангвор беш аз ду даҳсола сипарӣ мешавад, боиси хушҳолист, ки аллакай имрӯз дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва азму талоши ватандӯстонаи сокинони он дар ҳамаи самтҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии ноҳия пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд”. Воқеан, ҳамаи ин дастовардҳо аз дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд.
Натиҷаи чунин дастгириҳост, ки сафи донишҷӯдухтарон ва дар вазифаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ҷалб гардидани бонувон рӯз ба рӯз меафзояд. Ҳоло аз ҷумлаи хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 847 нафар дар донишгоҳҳои олии кишвар ва 7 нафар дар мактабҳои олии хориҷӣ таҳсил доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ  44 бинои нави таълимӣ бунёд ёфтааст.    

Зулфиқор Рамазонзода, муовини якуми раиси ноҳияи Тоҷикобод:
- Мо сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз вохӯрии навбатии Пешвои муаззами миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ҷодаи ободу зебо гардондани Ватани азизамон боз ҳам камари ҳиммат мебандем. Сокинони ноҳия аз ин вохӯрӣ баръало эҳсос намуданд, ки Пешвои миллат ба рушди ноҳияи мо таваҷҷуҳи хос доранд. Ҷудо намудани 36 ҷой барои дохил гардидани духтарон тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гувоҳи ҳамин гуфтаҳост. Мо, сокинони ноҳияи Тоҷикобод минбаъд ҳам кӯшиш мекунем, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳову дастгириҳои Президенти мамлакат бо меҳнати софдилонаю содиқона  дар таҳкими Истиқлолияти давлатию побарҷоии ваҳдати миллӣ дастҷамъона талош варзем.
Худойдод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2019    №: 128    Мутолиа карданд: 835
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед