иқтисод
ХУҶАНД ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД
Корҳои бунёдкорию ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар босуръат идома доранд. Дар ин раванд, сокинони шаҳри Хуҷанд низ сохтмону тармими 510 иншооти таъйиноти гуногунро таҳрезӣ намудаанд, ки то соли 2021 марҳила ба марҳила бунёд меёбанд. Роҳбарии гурӯҳи кориро дар шаҳр намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ба уҳда дорад.
Тавре Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, ба хабарнигори “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ба муносибати таҷлили Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманд 197 иншооти таъйиноти гуногун бо харҷи 417 миллиону 223 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифта, беш аз 900 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии маҳаллаи 19-уми шаҳр бинои нуҳошёнаи истиқоматиро, ки бо харҷи 9 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат дар шаҳр бинои Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералиро бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ карданд. Сохтмони иншоот моҳи июни соли 2018 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 ба анҷом расонда шуд. Арзиши умумии иншоот 11 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил дод. Ба гуфтаи Маъруф Муҳаммадзода, бинои сеошёнаи қасри ҷавонон аз таҳхона, ҳуҷраҳои корӣ ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Дар таҳхона синфҳои компютерӣ, забономӯзӣ, чевархона, маҳфили карнайнавозон, толори гурӯҳи рақсии ансамбли фолклорӣ - этнографии “Фалак” ҷойгиранд. Дар ошёнаи дуюм маҳфилҳои ихтироъкорон, меъморон, омӯзиши технологияи инноватсионӣ, толори барҳавои намоиш барои 700 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм маҳфили рассомон ҷойгир мебошанд. Инчунин, дар шафати бинои қасри ҷавонон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муртазо Алиев бо сарфи 2 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маркази хизматрасонӣ дари худро барои сокинон боз намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд, барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғати сокинону меҳмонон роҳи танобиро аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва киштии рамзӣ - тарабхонаи “Темурмалик” - ро дар соҳили дарёи Сир ба истифода доданд. Роҳи танобӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфт, дорои 47 кабина буда, ҳар кадоми онҳо 4 ҷойи нишаст дорад. Дарозии роҳ аз болои дарёи Сир як километр буда, дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад. Тарабхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдурасул Раҷабов сохта шуда, ба хотири гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро гирифтааст. Масоҳати умумии тарабхона 631 метри мураббаъро ташкил дода, дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи якум тарабхона бо 200 ҷой ва дар ошёнаи сеюм майдончаи тобистона ҷойгир мебошанд.
Дар хиёбони Исмоили Сомонӣ филиали Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард ва барои сокинони маҳаллӣ беш аз 30 ҷойи кор муҳайё гардид. Шумораи намояндагиҳои бонк дар маркази вилоят бо сабаби афзоиши муштариён зиёд карда шуд. Бонк бо як қатор ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкории самаранок дорад.
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани шаҳр ва таъмини хизматрасонии босифати нақлиётӣ барои сокинону меҳмонон 15 истгоҳи муосири нақлиёти ҷамъиятӣ ба маблағи 3 миллиону 22 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Истгоҳҳо бо нуқтаҳои фурӯши рӯзномаву маҷалла, кортҳои электронии пардохти роҳкиро, фурӯши обҳои ташнашикан, хизматрасонии компютерӣ, банкомат ва дигар хизматрасониҳои аввалиндараҷа таъмин буда, атрофи онҳо тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назора мешавад. Тибқи нақша, 90 истгоҳи шаҳрро навсозӣ мекунанд. Ҳоло дар аксарияти истгоҳҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ якчанд иншооти ғайринақшавии гуногуни иҷтимоӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абдуғафур Каримов дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ тарабхонаи “Шоҳона” ба фаъолият шурӯъ кард. Арзиши умумии харҷномавии он 500 ҳазор сомониро ташкил дод. Тарабхона дорои толори васеъ, кабинаҳои хурду калон буда, бо тарҳи миллӣ оро дода шудааст. Ҳамзамон, дар доираи корҳои созандагӣ дар кӯчаи мазкур филиали ҶСК «Комерсбонк Тоҷикистон», бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази хизматрасонӣ, фитнесклуб, ошхонаи таомҳои миллии «Насиба» ва оҷонсии рекламавии муосир бунёд ёфт. Дар филиали бонк 35 нафар мутахассиси ҷавон кори доимӣ пайдо кард, ки аксарияташон бонувон мебошанд. Хизматрасонии муосири бонкӣ, аз қабили интернет - бонкдорӣ ва бонкинги мобилӣ тавассути «Комерсбонк Тоҷикистон» барои мизоҷон дастрас буда, дар самти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Дар кӯчаи Ҳаким Карим бо сарфи 2 миллиону 374 ҳазор сомонӣ бинои нави озмоишгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ сохта шуд. Дар он донишҷӯёни ихтисосҳои технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хӯрока, экологияи саноат ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ - меъморӣ барои беҳтар омӯхтани дарсҳо аз 9 озмоишгоҳи нав истифода мебаранд.
Соли равон кӯчаҳои Фирдавсӣ, Мақсудҷон Танбӯрӣ, Ҳаким Карим, Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳои шаҳр пурра аз нав мумфарш карда шуданд. Ҳоло мумфаршкунии 2,8 км роҳи маҳаллаи Чашмаи Арзана идома дорад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе, инчунин, дар арафаи ҷашнҳои миллӣ бо иштироки сокинони маҳаллӣ, масъулони донишкадаву литсейҳои касбӣ ва корхонаву ташкилотҳо ҳашарҳои умумишаҳрӣ гузаронда, ҳудуди шаҳр тозаву озода нигоҳ дошта мешавад. Кормандони муассисаҳои зертобеи КВД “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ” - и шаҳр бошанд, дар кӯчаву хиёбонҳо беш аз 30 ҳазор бех дарахти ороишӣ, ҳамешасабз, 55 ҳазору 670 дона буттагули садбарг ва 27 ҳазору 610 дона марҷонгул шинонданд.
Дар маҷмӯъ, дар панҷ моҳи соли равон бо харҷи 52 миллиону 781 ҳазор сомонӣ 15 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардида, 128 иншоот бо арзиши 40 миллиону 532 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода супурда шуд.
- Бо бовари комил гуфта метавонем, ки мардуми бунёдкори шаҳр, чун дигар сокинони шарафманди Тоҷикистони азиз, барои боз ҳам ободу зебо гардондани сарзамини худ аз тамоми имкониятҳо мақсаднок истифода намуда, Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда ва бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегиранд, - гуфт дар охири суҳбат Маъруф Муҳаммадзода.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.07.2019 №: 129 Мутолиа карданд: 964