сиёсат
ПЕШВОИ МО - ИФТИХОРИ МО
Таассурот аз сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои водии Рашт
Зимни ҳар як сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ мо шоҳиди обод гардидани боз як гӯшаи ҷумҳуриамон мегардем. Сафари навбатии Пешвои миллатамон дар арафаи Ҷашни 22 - юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ноҳияҳои водии Рашт бо шукӯҳу шаҳомати хосааш, бо истиқболи самимонаи мардум аз меҳмони олиқадр, бо ифтихору шукргузорӣ аз ободиҳои диёр ва тараннуми Ватани озоду обод басо муфиду хотирмон ҷараён гирифт.
Сокинони ин гӯшаи дурдасти кӯҳистони кишвар низ дар фазои орому осуда бо садою навои шукрона Пешвои муаззами миллатро истиқбол гирифтанд.
Ифтитоҳи чандин иншооти муҳими хоҷагии халқ дар ин навоҳӣ, мумфаршу чароғон гаштани кӯчаҳои марказӣ, мулоқотҳои басо судманду самимӣ аз рушди бемайлони ин гӯшаи диёри азизамон башорат медоданд.
Бо иштироки Президенти мамлакат дар шаҳраки Тоҷикобод афрохта шудани Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи таҳкиму устувории давлатдорӣ, ки дар фазои тантанавӣ таҳти садои Суруди миллӣ аз ҷониби наврасон ҷараён гирифт, дар зеҳни сокинон, бахусус наврасону ҷавонон, эҳсоси ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон доиман маҳфуз хоҳад монд. Зимни мулоқотҳо сокинон аз таҳти дил, самимона аз заҳмату талошҳои Сарвари давлат баҳри расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ арзи дил намуданд. Мардум Пешвои худро басо самимона истиқбол мегирифтанд, хурду бузург ба пешвози ӯ мешитофтанд, ки ин, воқеан, аз мардумӣ будани Президент шаҳодат медиҳад. Сокинон арз намуданд, ки Президенти мо ба мисли чандин сарварони давлатҳо фақат роҳбари давлату Ҳукумат нест, болотар аз ин Пешвои ҳақиқии миллат мебошанд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, дар ҳоле ки алангаи ҷанги бемаънои шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифт, мардум парокандаю бесоҳиб монда буд, эҳсоси яъсу навмедӣ на танҳо мардуми одӣ, балки аксари вузарову сиёсатмадоронро низ фаро гирифта буд, ин ҷавонмарди шуҷоу хайрхоҳи миллат дар шаҳри Хуҷанд ба халқи худ хитоб намуд: "Ман ба шумо сулҳ меоварам"! Дар он замони мураккаб ягона шахсе буд, ки мардуми азияткашида чун умеди охирин ба ӯ ҳамчун фариштаи наҷот бо чашми интизорӣ нигаристанд. Ин ҷавонмард бо қатъият ва ҷиддият аз нияти неки худ башорат дода, дар дили мардум шуълаи бовариро фурӯзон ва ба ваъдаи худ вафо намуд.
Мардум шоҳиди он гаштанд, ки роҳи сулҳ чи сон мушкилу пурпечутоб буд, вале ин абармард аз байни обу оташи ҷаҳлу шарри аҳриманӣ чун қаҳрамонони афсонавӣ гузашта, машъали сулҳро дар ин кишвари ҷангзада дубора фурӯзон кард.
Дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт Пешвои миллат таъкид карданд:
"Шукри беҳад Худовандро, ки дар он рӯзҳои мушкил мо ба рӯҳи шикастнопазири халқи азизамон такя карда, Ватани маҳбубамонро ҳаёти дубора бахшидем ва шоҳроҳи пешрафту ободӣ ва ояндаи некро бар он боз намудем".
Мулоқотҳо саршори лаҳзаҳои нотакрор буданд. Лаҳзаи тақдими мусаввараи модари Президент дар ноҳияи Сангвор басо ҳаяҷонбахш сурат гирифт, Пешвои миллат перомуни эҳтирому гиромидошти модару падар насиҳатҳои пурқимате намуд.
Дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба 35 нафар духтарони маҳаллии ин диёр, ки хоҳиши идомаи таҳсил доштанд, иловатан квотаи президентиро ҳадия карда, таъкид намуданд, ки хонанд, соҳиби илму ҳунар шаванд, дар рушди Ватан саҳмгузор бошанд.
Сафари кории Пешвои миллат дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ сокинони ин гӯшаи кӯҳистони кишварро хеле рӯҳбаланд намуд. Зимни маросими гусел онҳо ба меҳмони олиқадр ваъда доданд, ки бо меҳнати созандаи худ барои шукуфоии Ватан талош хоҳанд кард. Мулоқоти Пешвои миллат умеду боварии сокинони заҳматпешаро баҳри пойдории суботу осоиштагӣ ва рушду тараққии Тоҷикистони азиз бештар намуд.
Ҷамшеди ФОЗИЛ, ноҳияи Тоҷикобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2019 №: 130 Мутолиа карданд: 1140