ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ПОРА
Ду корманди як ниҳод ба далели ришваситонӣ дастгир шуданд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия (СРИҶҶ ВА) хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, нозири калони шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии раёсати нозироти корҳои ислоҳии СРИҶҶ Маъруф Қараев бо маслиҳати пешакӣ бо сардори ҳамин шуъба Бозорбой Қурбонов барои нисбат ба шаҳрванд «А» тартиб надодани маводи санҷишӣ ва минбаъд ба суд пешниҳод накардани он вобаста ба вайрон кардани қоидаи бақайдгирии шахсони мувофиқи ҳукми суд ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда 5000 сомонӣ талаб намудааст.
Дар ин бора худи шаҳрванд «А» бо ариза ба агентӣ муроҷиат намудааст, ки дар пайи он Б. Қурбонов ва М. Қараев ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 4000 сомонӣ дастгир шуданд.
Ҳоло нисбат ба онҳо бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
Боздошт барои муомилоти ғайриқонунӣ
Кормандони мақомоти милитсия як зани 33 - солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳои табиӣ дастгир намуданд.
Бино ба иттилои ВКД дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 24 адад санги гуногунранги қиматбаҳо дарёфт ва мусодира шудааст. Тибқи хулосаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои мусодирашуда ёқути сурх буда, 18,47 грамм вазн доранд.
Ин дар ҳолест, ки зани боздоштшуда, қаблан бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) суд шудааст.
ҚАЛЛОБӢ
Боз як заминфурӯш дар толори суд
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» - и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) нисбат ба роҳбари филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гео замин» - и шаҳри Хуҷанд Далерҷон Юсупов баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар ин бора сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Бино ба гузориши манбаъ, Д. Юсупов ҳанӯз соли 2017 аз шаҳрвандон «А» ва «Б» барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани 0,12 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 6000 доллари амрикоӣ гирифтааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2019 №: 130 Мутолиа карданд: 905