барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОЗАИНТИХОБИ ҶУМҲУРИИ ЛАТВИЯ ЭГИЛС ЛЕВИТС
8 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Латвия ва оғози фаъолиятатон дар ин маснади олӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.
Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодатмандӣ, дар иҷрои вазифаҳоятон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Латвия сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу менамоям.
Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Латвия минбаъд низ мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2019 №: 130 Мутолиа карданд: 5599